Донишҷӯёни ДКМТ дар сафи даҳгонаи металлургҳои ҷаҳон Metal Cup – 2020

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли ҷавон ба имкониятҳои хеле бештар даст ёфта, имрӯз дар қатори ҷавонони саодатманди кишварҳои пешрафтаи дунё дар мусобиқаву озмунҳо ширкат меварзанд, ки ин аз баракати соҳибистиқлоливу осоиштагии мардуми кишвар мебошад.

Донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии металлургони ҷаҳон Metal Cup – 2020, ки дар Чин баргузор гардид, ширкат варзида,  Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар байни 210 давлати дунё, ба даҳгонаи дастаҳои пурқувваттарин роҳ ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур намояндагони 210 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд ва хушбахтона донишҳҷӯёни ДКМТ дар ин сабқат дар қатори даҳгонаи беҳтарин пазируфта шуданд, ки роҳёбӣ ба ин мақоми баланд низ ифтихор барои насли ҷавон мебошад.