Робитаҳои байналмилалӣ

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Муҳамадиев Акбархон Набихонович

Тел: +992 92710 04 63
E-mail: akbar-1988@mail.ru

G-mail: akbar.nabizod@gmail.com

 

Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Раҳимзода Ҳуснорои Расул

Суроға: 735730, ш. Бустон, кучаи Московская 6

E-mail: husnoro.rahimzoda@bk.ru

 

Маълумоти умумӣ

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ҷузъи таркибии сохтори ДКМТ буда, тибқи қарори Шӯрои олимон дар сурати мавҷуд будани пояи моддию техникӣ ва илмию фарҳангӣ мувофиқ ба меъёрҳо таъсис дода мешавад.

Мақсади шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ иборат аз густариши алоқаҳои байналхалқии донишкада бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ, илмиву фарҳангии мамолики хориҷи дуру наздик буда, мусоидат кардан ба он, ки донишкада бо системаи таҳсилоти ҷаҳонӣ алоқаи қавӣ пайдо намуда, тахассус ва дипломи донишкадаи мазкур эътирофи байналхалқӣ дошта бошад.

Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ:

  • ташкили робитаҳои самараноку нафъовари донишкада бо муассисаҳои илмӣ, истеҳсолӣ, фарҳангии ватаниву хориҷӣ;
  • коркард ва ташкили бастани шартномаҳо ва созишномаҳо байни донишкада ва муассисаҳои таълимӣ ва илмии ватаниву хориҷӣ;
  • ташкили истифодаи самараноки базаи техникӣ ва нашрии тарафҳои созишномаҳо барои густариши чорабиниҳои муштараки илмӣ, амали кардани тадқиқотҳои илмиву иттилоотӣ ва нашрии муштарак;
  • ташкили иштироки фаъоли донишҷӯён, омӯзгорон ва донишмандони донишкада дар лоиҳаҳо ва барномаҳои байналхалқии таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ;
  • дар заминаи донишкада гузаронидани конфоронсҳо, симпозиумҳо, конгрессҳо, семинарҳои байналхалқӣ;
  • интихоб ва сафарбар кардани омӯзгорон, аспирантон, донишҷӯёни донишкада барои коромӯзӣ ва табодули таҷриба ба мамолики хориҷа;
  • таклифи мутахассисони хориҷӣ барои хондани лексияҳо, гузаронидани машваратҳо ва тадқиқотҳои муштарак;
  • ташкили қабули донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар донишкада;
  • дастгирии иттилоотӣ ва машваратии донишкада вобаста бо кор бо барномаҳои байналхалқӣ, хазинаҳо ва ташкилотҳои грантдиҳанда;
  • фароҳам овардани шароити мусоид дар тадбиҳи маҳсули интеллектуалӣ ва истифодаи мутахассисони варзида дар бозори зеҳнии миллӣ ва ҷаҳонӣ;
  • ташкили иштироки омӯзгорон, донишҷӯёни донишкада дар симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳои байналхалқӣ;
  • дар сарчашмаҳои иттилооти ҷаҳонӣ ҷой додани ахбор дар бораи дастовардҳо ва имкониятҳои илмии донишмандони донишкада бо мақсади ворид гардидани онҳо ба фазои илмиву таълимии ҷаҳонӣ;
  • ташкил намудани нашрияи илмиву методии муштарак бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии ватаниву хориҷӣ;
  • ба Шӯрои олимон тайёр намудани пешниходҳо баҳри густариши фаъолияти байналхалқӣ ва алоқаҳои берунаи донишкада;

 бо супориши ректор иҷро намудани вазифаҳо марбут ба фаъолияти донишкада оид ба робитаҳои байналхалқӣ.

 Феҳрасти ҳуҷҷатгузорӣ дар шуъба ба тариқи зайл сурат мегирад:

  1. қарорҳо, фармонҳо, дастурҳо, санадҳои ҳукумати ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
  2. қарорҳои ректорат ва Шўрои олимон;
  3. Низомномаҳо;
  4. Нақшаи кории шуъба ва кормандон;
  5. Дастурҳои вазифавии кормандон;
  6. ҳисоботи солонаи шуъба ва кормандон;
  7. Шартномаҳо;
  8. ҳуҷҷатҳои бойгонишуда;
  9. Хазинаҳо, ташкилотҳои грантдиҳанда, барномаҳои таҳсилӣ дар хориҷи кишвар;
  10. ҳуҷҷатҳои тафтишотӣ;
  11. ҳуҷҷатҳои донишҷӯён ва устодони хориҷӣ;
  12. Суратмаҷлиси ҳаласаҳои шуъба;
  13. Рўйхати донишҷӯёни хориҷӣ, фармонҳо оид ба донишҷӯёни хориҷӣ;
  14. ҳуҷҷатҳои воридшуда;
  15. ҳуҷҷатҳои ирсолшуда;
  16. ҳуҷҷатҳои ҷорӣ.

 

 Робитаҳои байналмилалӣ

Дар шароити амалӣ  гардонидани ислоҳот дар соҳаи маориф ва ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти олӣ таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак нақши хеле назаррас доранд. 

Дар сохтори ташкилии идоракунии Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон сардори робитаҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки мақсади он густариши робитаҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо  мактабҳои олӣ, марказҳои илмӣ-таълимии мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилоту хазинаҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамкории донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатҳои хориҷӣ асосан дар самтҳои зерин амалӣ карда шуда истодаанд: 

  • таҳия ва ба тасвиб расонидани шартномаҳо бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ва иҷрои амалии онҳо; 
  • мубодилаи устодон, донишҷӯён ва адабиёти таълимию методӣ бо донишгоҳҳои кишвар ва хориҷи он; 
  • таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ташкилу гузаронидани конфронсу семинарҳои муштарак;
  • ташкили вохӯриҳо бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ; 
  • ташкили курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ; 
  • таъмини раводиди устодон ва донишҷӯёни хориҷӣ;
  • кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва ғ.

Мувофиқи нақшаи кории шӯъба оид ба барқарор намудани шартномаҳои донишкада  бо  муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи кишвар бо якчанд донишгоҳхо шартномаи ҳамкориҳои байни донишкадавӣ,  доду гирифти донишҷӯён, иштирок дар тренингҳои байни донишкадавӣ, тайёр намудани аспирантон ва докторон ва кор кардан дар соҳаҳое, ки ба  самти донишкада наздик аст, яъне тадқиқот оид ба гирифтани грантҳо ва ғайраҳо, бо 38 донишкадаву  донишгоҳҳои хориҷӣ созишномаҳо баста шуданд. 

Айни ҳол бо ин донишкадаҳо ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст: 

 

Муассисаҳо (донишкадаю донишгоҳҳо)

Федератсияи Россия

1.Донишгоҳи давлатии нафту гази Россия ба номи И.М.Губкин

2.Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал (ш. Екатеринбург)

3.Донишгоҳи давлатии техникии  нафти Уфа-и Федератсияи Россия

4.Донишгоҳи давлатии технологии  «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Москва»

5.Донишгоҳи давлатии  илм ва технологияи Сибир ба номи Академик М.Ф. Решетнев

6.Донишгоҳи давлатии индустриалии Сибири Федератсияи Россия

7.Донишгоҳи давлатии нафту гази Тюмени Федератсияи Россия

8.Донишгоҳи Давлатии геологӣ-иктишофии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе

9.Донишгоҳи давлатии технологии Сибири Федератсияи Россия (ш.Красноярск)

10.Донишгоҳи миллии тадқиқотии Қазон

11.Донишкадаи давлатии иқтисодиёт, молия ва технологии ш. Гатчинаи Федератсияи Россия

12.Филиали Донишгоҳи миллии Технологии МИСиС  дар ш. Душанбе 

13.Донишгоҳи давлатии техникии Кузбасси Федератсияи Россия

14.Донишгохи федералии Қазон

Ҷумҳурии Украина

15.Академияи миллии-металлургии Украина (шаҳри Днепропетровск)

16.Донишгоҳи миллии кӯҳии Украина

17.Донишгоҳи давлатии кимиёвӣ-технологии Украина

18.Донишгоҳи миллии хоҷагии об ва истифодабарии табиати Ҷумҳурии Украина (ш.Ровно)

19.Донишгоҳи давлатии технологии Черкасски Ҷумҳурии Украина

20.Донишгохи миллии Кривой Роги Ҷумҳурии Украина

Ҷумҳурии Белорус

21.Донишгоҳи миллӣ-техникии Ҷумҳурии Белорус

22.Донишгоҳи давлатии технологии Белорус

23.Донишгоҳи давлатии Полотски, Ҷумҳурии Белорус

Молдова

24.Донишгоҳи техникии Молдова

Ҷумҳурии Қазоқистон

25.Донишгоҳи давлатии ҷануби Қазоқистон ба номи Мухтор Ауезов

26.Донишгоҳи милии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ

27.Донишгоҳи давлатии минтақавии Актюба ба номи К.Жубанов

28.Донишгоҳи байналмиллалии SILKWAY

Ҷумҳурии Қирғизистон

29.Донишгоҳи Давлатии техники Қирғизистон ба номи И.Раззоқов (ш. Бишкек)

30.Донишгоҳи милии Қирғизистон ба номи Ж.Баласагина

31.Донишгоҳи давлатии сохтмон, нақлиёт ва меъмории Қирғизистон ба номи Н.Исанов

Словакия

32.Донишгоҳи техникии Кошитса

Португалия

33.Instituto Superior De EngnhariaDo Porto

Ҷумҳурии Халқии Чин

  1. Донишгоҳи нафти Хитой(Хуадун)

35.Донишгоҳи технологии Кунмин

36.Донишгоҳи технологии Нинбо

  1. Ширкати технологии BGRIMM

Латвия

38.Донишгоҳи техникии Рига

39.ОPUS CIVITAS ва донишгоҳи Латвия

Словения

40.Мактаби байналмилалии баъди дипломии ба номи Ҷ. Стефана

Ҷумҳурии Ӯзбекистон

41.Донишкадаи давлатии кӯҳии Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

  1. Донишгоҳи Давлатии Бухоро
  2. Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошкант ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ

 

Дар шуъба ҳоло ду лоиҳаи фаъоли хориҷӣ мавҷуд аст: 1) Лоиҳаи ҳамоҳангсозии об»(Водная гармония-2) 2015-2019 ва 2) Лоиҳаи «Тадқиқоти обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ-Амударё» 2016-2019, ки самти фаъолияти хориҷии муассисаро инъикос менамоянд. Дар Лоиҳаи «Тадқиқоти обҳои байнисарҳадии Осиёи Марказӣ-Амударё» 2016-2019 ДКМТ ҳамчун ҳамкори асосии лоиҳа тариқи Донишгоҳи Осиёи Марказии Амрико дар Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шудааст. Лоиҳаи “Ҳамоҳангсозии дарьёҳои байни сарҳадии Аму ва Кабул” асосан ба самти ҳамоҳангсозии обҳои байни сарҳадӣ ва тадқиқоти экологии дарёҳои Аму ва Кобул равона карда шудааст.

Ҳамчунин донишкада узви лоиҳаҳои Аврупоии Эразмус+  мебошад, ки тавассути Донишгоҳи илмҳои амалии Пиреуси Афин то соли 2020 мубодилаи донишҷӯён ва устодонро ба роҳ  мондааст. Дар доираи ин лоиҳа байни Донишгоҳи илмҳои амалии Пиреуси Афин шартнома (оиди мубодилаи донишҷӯён ва таҷрибаомузии омӯзгорон) ба имзо расидааст.

Ба воситаи ин барномаҳо зиёда аз 20 нафар  устодон ва кормандони донишкада ба давлатҳои хориҷӣ баҳри  коромӯзӣ ва  бозомӯзӣ  сафар карданд.

 

САФАРИ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

Санаҳои  26.- 30.09.2019с. бо даъвати Донишгоҳи Конфутсияи Ҷумҳурии Мардумии , директори институти Конфутсий дар назди Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон – Розиқов З.А. ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии  донишкада –Муҳамадиев А.Н.  дар конфронси байналхалқӣ бахшида ба 2569 солагии зодрузи Конфутсий, ки дар шаҳри Куджои Хитой баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар кори конфронси мазкур  намояндагони донишгоҳҳои Ҷопон, Албания, Армения, Мадагаскар, Корея, Уганда, Олмон, Амрико, Фаронса ва дигарон иштирок намуданд. Намояндагони донишгоҳҳои олии кишварҳои дар болозикршуда оид ба васеъ намудани ҳамкориҳои тарафайн дар доираи илм ва таълим баромад намуданд. Инчунин, Директори институти Конфутсия дар назди ДКМТ-Розиқов З.А. дар мавзуи ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Лоиҳаҳои байналмилалӣ маърӯза намуда қайд намуд, ки бо воситаи Лоиҳаҳои байналмилалӣ имконияти самараноки ҳамкориҳои дуҷониба метавон хоҳад кард.   

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ – Муҳамадиев А.Н. оид ба фаъолияти Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон баромад намуд.

Дар ин замина, бо намояндагони Донишгоҳи Макарери Уганда (Африқо) – профессор Гумошабе Гилберт  ва донишгоҳи технологии Нингбо (Хитой-) –профессор Ван Бо мулоқот намуда, Лоиҳаи Шартномаҳои тарафайн муфид баррасӣ  карда шуданд.  

 

Санаҳои 17-19.04.2019с.

Ректори донишкада дотсент Фозилзода М.М. ва сардори шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳамадиев А.Н. бо даъвати ширкати МАКРОМАЙН дар Осиёи Марказӣ, дар Конференсияи сеюми Осиёи Марказии барномаи МАКРОМАЙН дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17-19.04.2019с. иштирок намудаанд.

            Бастани шартномаи ҳамкорӣ бо ширкати МАКРОМАЙН

Санаҳои 24.–26.06.2019с. муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ дар кори  конференсияи байналмилалӣ оид ба об, экология, сайёҳӣ ва кӯҳгардӣ,ки дар Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ, Бишкек баргузор гардид,  иштирок намуд.

 

Санаҳои 20-23.03.2019с. профессори донишкада Розиқов Зафар Абдуқаҳорович, ҳамоҳангсози Лоиҳа ва муовини аввали ректори донишкада дотсент Қозиев Камолудин Сангинович дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратии лоиҳаи “Ҳамоҳангсозии об-2., ки дар Донишгоҳи давлатии технологии Белоруссия, Минск баргузор гардид, иштирок намуданд

 

Санаҳои 04.-05.12.2018с. профессори донишкада, директори донишкадаи Конфутсияи назди ДКМТ профессор Розиқов Зафар Абдуқаҳорович, дар Конфронси 13-уми глобалии мактабҳои олӣ, ки дар Донишгоҳи нафти Чин. Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуданд.

 

Дар  Донишгоҳи Ғарбии Аттикаи Афина (Юнон )

Соли 2018

Дар доираи лоињаи Иттињоди Аврупо – Эразмус+ донишҷуёни  донишкада:

-Ашурова Алмира донишҷӯи бахши  4-уми шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 330101 Муҳити зист;

-Муҳаммадҷон Нурулло донишҷӯи бахши  4-уми шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 330101 Муҳити зист

-Муҳамадиев Акбар донишҷӯи бахши  3-уми шӯъбаи -ғоибонаи ихтисоси 330101 Муҳити зист  аз руи барномаи мубодилаи донишҷӯён аз моҳи феврали соли ҷорӣ  таҳсилро дар Донишгоҳи илмӣ-амалии Пиреус дар муддати як семестр давом дода бо сари баланд таҳсилро ба итмом расонида баргаштанд.

Аксҳои донишҷӯёни донишкада дар Донишгоҳи илмӣ-амалии Пиреуси Афина

 

Соли 2019

Соли  2019 дар доираи лоиҳаҳои Аврупоии Эразмус+  донишҷӯи бахши 1-уми шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 330101-Ҳифзи муҳандисии муҳити зист Умарова Тахмина Бурхоновна, ки аз озмун гузаштааст, барои таҳсил аз санаи 04.03.2019с. то 04.06.2019с. ба донишгоҳи мазкур даъват гардида ва дар муддати зикр шуда, таҳсилро дар донишгоҳи номбурда давом додааст.

Санаҳои 20.05.2019-24.05.2019 ду нафар устодон – муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ – Насриддинов З.З. ва ассистенти кафедраи таъминоти барқ Бобоев Ш., барои таҳсил дар “Ҳафтаи таълимии устодон ва кормандон” ба  Юнон сафар намудаанд.

 

Донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар курси тобистонаи Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия (ш.Аас)

Соли 2018

Дар доираи лоиҳаи ҳамоҳангсозии об»(Водная гармония-2) 2015-2019 ва Созишномаи байни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи илмҳои табии Норвегия (ш.Аас) донишҷӯёни зерин:

  1. Пулатов А.А. –донишҷӯи бахши  4-уми шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 510202- Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ;
  2. Мирзоев М.М. –донишҷӯи бахши 4-уми шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 510101-Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок;
  3. Содиқов Н.Ҷ. –донишҷӯи бахши 3-юми шӯъбаи рӯзонаи ихтисоси 330101 Муҳити зист;
  4. Қосимов Ш.А. донишҷӯи бахши 3-юми шӯъбаи рузонаи ихтисоси 510202 – Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ

даъват гардида буданд, бо иҷозати Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият ин курси номбурдаро дар Донишгоҳи табиии Норвегия омӯхтанд ва бо сари баланд баргаштаанд.

 

Намоиши таомҳои миллӣ аз тарафи донишҷӯёни донишкада дар Норвегия

Иштироки донишҷӯёни донишгоҳҳои дигар давлатҳо

 

Соли 2019

Дар соли 2019 тавассути  доираи мазкур, 2 нафар донишҷӯёни донишкада:

  1. Қаландаров Ҳусейн Комилович. – донишҷўи бахши 2,ихтисоси 360101(Технологияи мошинсозӣ) факултети электромеханика;
  2. Ҷўраев Илҳомҷон Рустамбоевич – донишҷўи бахши 2, ихтисоси 5010202(Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ), факултети корҳои кӯҳӣ,

ки бо муваффақият аз озмун гузаштаанд, аз санаи 16.06.2019с. то 07.07.2019с. барои таҷрибаомӯзӣ ба Донишгоҳи табиии Норвегия (ш. Аас)  даъват гардидаанд.

Донишкада то кадри имкон таҷрибаи таклифи профессорону устодони хориҷӣ, барои гузаронидани курсҳои махсус, хондани лексияҳо барои донишҷўён ва омўзгорон дорад

 

Донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфа

Соли 2018

Дар доираи  шартномаи байни донишкада ва Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфаи ФР, донишҷуёни  зерини донишкада:

  • Аслонов Ҷамшед Ғаффурҷонович бахши 3 –уми ихтисоси510202 (Коркард ва истихроҳи корҳои нафту газ);
  • Саидахматхонов Саидбилолхон Саидджамолхон Угли 3-уми 510202 (Коркард ва истихроҳи  корҳои нафту газ);
  • Бобоҷонов Далерҷон Дадоҷонович бахши 3-уми 510202 (Коркард ва истихроҳи корҳои нафту газ);
  • Рузиев Фируз Файзуллоевич- бахши 4-уми Рузиев Фируз Файзуллаевич

аз руи барномаи мубодилаи донишҷӯён таҳсилро дар Донишгоҳи илмӣ-амалии Пиреус дар муддати як семестр давом дода, дар бисёр чорабинии донишкадаи номбурда иштирок карда, чойҳои намоёнро ишғол намуда,  бо сари баланд таҳсилро ба итмом расонида, баргаштаанд.

Дар рузи Истиқлолияти Анголия 

  1. Саидахмадхонов Саидбилолхон Саидҷамолхон Угли ҷои 2-юм дар олимпиадаи байналхалқӣ аз  футбол;

Дар олимпиадаи байналхалқӣ

 

  1. Аслонов Ҷамшед Ғофурҷонович ҷои 2-юм аз фанни автоматизатсия;
  2. Рӯзиев Фируз Файзуллоевич ҷои 3-юм аз фанни автоматизатсия

 

Аксҳои донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии техникии нафти Уфаи ФР

 

Соли 2019

Семестри дуюми соли таҳсили 2018-2019 дар Донишгоҳи давлатии техникии  нафти Уфа-и Федератсияи Россия 3(се) нафар донишҷӯён:

  • Марупов Табаррукхоҷа Ботурхоҷаевич бахши 3-уми ихтисои 430103-01- «Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ»;
  • Худойзода Мухаммадиқбол Саидмаҳмад- бахши 3-уми ихтисои 430103-01 «Таъмини корхонаҳои саноати бо барқ;
  • Шарифиён Шохруххон Ализода- бахши 3-уми ихтисои 330101-05 «Ҳифзи муҳандисии муҳити зист»;

 ва дар Донишгоҳи давлатии техникии нафту гази Тюмен 2(ду) нафар донишҷӯёни донишкада таҳсили худро давом дода ба донишкада баргаштанд:

  • Умурзоқов Адхан Мухаммадҷонович – бахши 3-уми ихтисоси 01440101-01«Ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш»;
  • Абдураҳмонов Наимҷон Зокирҷонович– бахши 3-уми ихтисоси 01440101-01«Ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш».

Аксҳои донишҷӯёни донишкада дар чорабиниҳои гуногуни  Донишгоҳи давлатии техникии  нафти Уфа-и Федератсияи Россия

Таҳсил дар Донишгоҳи Кунмин, Хитой

Иштироки хатмкардагони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон-магистрантони Донишгоҳи Кунмини Ҷумҳурии мардумиии Чин дар ҷашнгирии Соли Нав, чорабиниҳои варзишӣ: 

  •  Ашуров Муҳсин Саломович;
  •  Чонкулов Амирхон Темирович;
  •  Очилов Абдурасул Шарифович;
  • Норов Эмомали;
  • Субҳонқулов Субҳонқул

 

ТАШИРИФИ ПРОФЕССОРОНУ УСТОДОНИ ХОРИҶӢ БА ДОНИШКАДА

 

Донишкада то кадри имкон таҷрибаи таклифи профессорону устодони хориҷӣ, барои гузаронидани курсҳои махсус, хондани лексияҳо барои донишҷўён ва омўзгорон дорад.

 Ташрифи Геолог-машваратчии намояндагии МАКРОМАЙН дар Ӯзбекистон барои гузаронидани курси омӯзишии барномаи МАКРОМАЙН ба Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Санаи 17.07.2019с. кормандон аз Донишгоҳи миллии техникии Белорус ба Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба хотири густариши робитаҳои мутақобилан ташриф овардаанд.

 

Санаҳои 25.10-26.10.2018с. профессор Харша Ратнавира аз Норвегия барои гузаронидани семинари омӯзишии такмили  ихтисос дар мавзӯи “Идоракунии захираҳои обӣ ва технологияи муосири обтозакунӣ” ташриф овардаанд.

Соли 2018

Соли 2018 дар доираи  лоиҳаи  Аврупоии Эразмус+  дар самти мубодилаи донишҷӯён ва устодон, барои вохӯрӣ бо устодон ва донишҷӯёни донишкада марбут ба таҳсил, тадқиқот ва омода намудани қадамҳои минбаъдаи ҳамкориҳо, профессорони Донишгоҳи ғарбии Аттикаи Юнон, дар шахсияти  Каваадиас Космас, Медри Кармен, Моустрис Константинос ба Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

 Ташрифи ҳайати устодони Донишгоҳи илм ва технологияи шаҳри Кунмини Ҷумҳурии Халқии Хитой бо роҳбарии профессор Жуан Райбо, дотсент Тан Йихонг, профессор Хей Кейанг, дотсент Лан Жуей, профессор Туан Гюкай, ҳамчунин гуруҳи муаллимон аз Донишгоҳи Ланжоу ва Донишгоҳи шимолу ғарбии Чин ба Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва ба имзо расонии меморандум бо Донишгоҳи илм ва технологияи шаҳри Кунмини Ҷумҳурии Халқии Хитой (24.08.2018с.)

Гирифтани роҳхат 4(чор) нафар хатмкунандагони Донишкадаи  куҳӣ-металлургии Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар магистратураи Донишгоҳи илм ва технологияи шаҳри Кунмини Ҷумҳурии Халқии Хитой