Дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони ” Конститутсия- қонуни асосӣ ва кафолати рушди устувор” баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи давлатдории ҳуқуқбунёд ва қонунмеҳвар” Сайдуллоев Аҳадхон дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи давлати ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуи “Конститутсия кафили сулҳу ваҳдат ва суботи Тоҷикистон”, Наврӯззода Сафармуҳаммад донишҷӯи факултаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав дар мавзуи ” Конститутсия: ифтихори миллат ва рамзи истиқлол” ва декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Шамсиддинов Шуҳрат дар мавзуи “Конститутсия кафили рушди давлати устувор ва ҷомеаи пешрафта” маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки барои ҳар як давлату миллат Конститутсия санади муҳими сарнавиштсоз ва асоси устувории давлату миллат, шиносномаи ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Гуфта шуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сокинони кишвар якҷоя қабул намуда, онро ҳамчун рамзи қонуни асосӣ ва кафолати фаъолияти минбаъдаи давлату миллат эътироф менамоянд.
Дар семинар ҳамчунин, ҳозирин атрофи мавзуъ мавзеъгирӣ намуда, нақши Конститутсияро дар ҳифзи ваҳдати миллӣ ва ҷомеаи муваффақ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур бо ташаббуси садорати факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот





