УМРИ ДУРӮҒ КӮТОҲ АСТ…

Дар чанд соли охир аз тамоми кишварҳои ҷаҳон авбошони наҳзатӣ рӯфта шуданд ва дар ниҳоят ҷойгоҳи худро дар Аврупо қарор доданд ва аз ҳамон ҷо оғоз карданд фиреб додани миллатро. Онҳо ҳатто ба таври олӣ ва бисёр ҳам шағолона дурӯғ мегӯянд ва воҳима мекунанд. Аз худ баъзан ситора месозанд, баъзан мазлуму муҳтоҷ. Аммо дар ҳар ду ҳолат ҳам онҳо шайтонҳои найрангбозро мемонанд, ки ба гадоӣ ба ин рӯз расидаанд. Онҳо бо фурӯхтани ҳуввияти хеш, дини худ, ватани худ ба ин роҳ расидаанд. Онҳо кистанд?

Онҳо аъзоёни ТЭТ ҲНИ! Собиқ авбошу ҷинояткор ва хунхору разил! Чаро бояд собиқ бигӯем? Зеро онҳо имрӯз намехоҳанд, ки симои аслиашон ошкор гардад. Онҳо имрӯз худро опозитсия муаррифӣ карданӣ мешаванд, ки масхараомез аст. Охир кадом ҷинояткор аз сиёсат мефаҳмад? Кадом ҷинояткор ва авбошу террорист ғами миллатро мехӯрад?

Оё ҳамин наҳзатиёни лаин ва касиф набуданд, ки кишварро ба хоку хун оғушта намуданд? Оё ҳамин наҳзатиёни палид набуданд, ки ҳазорон нафарро ба қатл расониданд?

Имрӯз ин тоифа дар Аврупо ҷамъ шудаанд ва мехоҳанд, бо пахши хабарҳои бардурӯғ миллатро фиреб дода, гумроҳ намоянд. Аз худ аллома месозанд, аммо дар асл чанд бомжи шаурмапараст ҳастанду халос.

Наҳзатиёни палид ва аъзоёни ПМТ, ки ҳар ду ҳам як мақсаду як маром дорад ва он ҳам несту нобуд кардани давлати Тоҷикистон аст бо дар Аврупо қарор гирифтан, мехоҳанд аз сафари Пешвои муаззами миллат ба Аврупо истифода намуда, миллатро гумроҳ созанд.  Охир ба ин тӯдаи аз маърифату хирад дур кӣ бовар мекунад?

Ин наҳзатиёни террорист ва мунофиқ феълан дар буҳрони мафкуравӣ қарор доранд ва ҳатто чанд ҷумлаи арабӣ ҳам ки қори азёд карда буданду солҳои 90-ум миллатро гумроҳ намуда буданд, фаромӯш кардаанд ва мехоҳанд ҳоло дар қолаби демкоратияи наҳзатӣ, ки саропо фанду фиреб аст, амал кунанд.

Наҳзатиён бо роҳбараҳон як девонаи галстукдор Кабирии палид худро дар Аврупо қарор дода, ҳангома месозанд, то миллат ба онҳо бовар кунад. Баъзан ин хоинон фаромӯш мекунанд, ки дар Аврупо қарор гирифтан ягон бартарӣ надорад ва ҳазорон сарсону саргардон дар он ҷо ҳаст ва мисли ҳамин наҳзатиён шаурма мехӯрад. Ва ин тоифаи беақл ва беҳуввият ягон арзише барои Аврупо надоранд, агар медоштанд Полша як мухолифи тоҷикро депорт намекард? Аз ҳамин хулоса кардан мумкин аст, ки ин наҳзатиёни мунофиқ ва модинаандеша ба ҷуз фейсбук дигар дар ягон ҷое мавқеъ надоранд ва касе онҳоро намешиносад.

Кабирии палид ва террористу худфурӯхта, яке аз душманони аршади миллати тоҷик барои мавқеъро ба даст овардан ва худро ситора сохтан рӯирост дурӯғ гуфт, ки бо чанд сафир суҳбат кардааст. Якум ин ки дар ислом дурӯғ гуфтан мамнуъ аст, аммо Кабирии ғуломтабиат ва ғуломтарбия худро раиси ҳазби исломӣ мегӯяду бар зидди нишондоди ислом рафтор мекунад. Оё ин хиёнат бар дин нест? Оё ин масхараи мусалмонон нест?

Дуюм он сафирон намояндаи кадом давлат будаанд, ки на номашон ҳасту на номи давлаташонро мегирад Кабирии террорист?

Агар воқеият медошт ин суҳбат ҳатман номи сафир ва номи давлаташро мегуфт? Аммо чаро раиси террористони наҳзатӣ аз ин сарфи назар кард? Зеро ин суҳбат дар асл набуд ва Кабирӣ барои гумроҳ сохатни мардум онро бофта баромад, ки тираш хок хӯрд. Мегӯянд умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва ин дурӯғи роҳбари террористони наҳзатӣ ҳам ошкор шуд.

Оё ин ҳолати роҳбари террористони наҳзатӣ аз буҳрони маънавӣ ва ахлоқӣ шаҳодат намедиҳад?

Ҳоло, ки ин тоифаи авбош ва хоин дар як ҳолати вазнини равонӣ қарор доранд, намедонанд, ки чӣ кор кунанд ва ба ҳамин хотир бештар ба миллат хиёнат мекунанд ва бештар мехоҳанд, ки обрӯву мартабаи Тоҷикистонро коста гардонанд.

                                                          Меҳвар Абдусаломович

                                                          омӯзгори ДКМТ