ИФРОТИЯТИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ ДАР АВРУПО

Тавре ба ҳама маълум аст, қабл аз сафари расмии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо хоинон ва нотавонбинони миллат талош намуданд, ки мардумро гумроҳ намоянд ва ҳар қадаре, ки метавонистанд матлабҳои бардурӯғу иғвобарангезро нашр намуданд. Ҳатто аз фурсат истифода намуда бардурӯғ аз худ ситора сохтани шуда, аз кадом як вохӯриву гуфтугузор, ки дар асл нашудааст, роҳбари террористони наҳзатӣ Кабирии манфур гап мезад. Воқеияти кор дар он аст, ки чунин вохӯрӣ умуман сурат нагирифтааст ва дар асл бошад аз симои манфури кабирии палид ҳама безор аст. Лек ин найрангбози мазҳабӣ ва шағоли олами демкоратия худро сиёсатмадор тавсиф намуда, ҳар қадаре, ки метавонист дурӯғпартоӣ намуд. Аммо ин дурӯғи роҳбари террористони айёр ва аъзоёни найрангбози наҳзатӣ дер давом накард ва аз тарафи ашхоси муқими Аврупо зуд фош шуд. Зеро қонуниятҳои Аврупо ба ҳама яксон аст ва ҳар касе агар дар доираи қонуни он кишварҳо битавонад зиндагӣ кунад, метавонад он ҷо каме истиқомат кунад. Вале чунин имконияте вуҷуд надорад, ки ҳар як сафиру кабири Аврупо бо кадом як муҳоҷири террорист мулоқот намояд.

 Нақшаи корӣ ва соати кории аврупоиён ҳамеша тартиб дода шудааст ва он ҷо барои суҳбат бо кадом як ҷинояткори гуреза, нақшаро вайрон намекунанд. Аслан ягон сафир ва намояндаи ҳукумат  қодир нест, ки ҷони худашро дар хатар гузошта бо намояндагони олами ҷиноӣ ва ташкилоти террористӣ мулоқот намояд. Ин боз ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзатиёни касиф ва палид ба хотири мардумро гумроҳ намудан, дурӯғ мегӯянд ва хилофи барномаи ташкилоти террористии ҳизбашон баромад менамоянд, ки аз ислому демократия дур будани ин тоифаро бозгӯ менамояд.

Бори охир нест, ки наҳзатиёни палид бо роҳбари найрангбозашон мардумро гумроҳ карданӣ мешаванду ба мақсади худ намерасанд. Онҳо чандин маротибаи дигар ҳам ба ҳамин гуна пахши матлабҳои бардурӯғу фитнаангез даст зада буданд, лек ба мақсад нарасиданд. Ин бор ҳам маълум шуд, ки Кабирии пастфитрат ва аз ахлоқи инсонӣ дур бо фармони хоҷагони хориҷияш ҳама сарҳадоти инсонигариро убур намуда, дурӯғ гуфт ва сафсатаҳояшро нашр кард.

Миллати тоҷик хуб медонанд, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва кабирии шағолсурат барои кӣ ва кадом хоҷааш кор мекунад ва бо фармони кадом хоҷа лаб во мекунад. Аз ин лиҳоз ҳаргиз ба фитнангезиву дурӯғпардозии ин тоифаи авбош намегардад ва барои рушди кишвари азизамон талош мекунанд.

                                                                                    Меҳвар       Абдусаломович                                                                                                                                                                                         омӯзгори ДКМТ