Тақдими Сертификатҳои донишгоҳи Корея ба омӯзгорони фаъол аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни баргузории ҷаласаи назоратӣ ба як қатор омӯзгорони ҷавон, ки курси омӯзишии зеҳни сунъиро хатм намуданд, Сертификати  Донишгоҳи aSSIST-и Ҷумҳурии Кореяро дар самти “зеҳни сунъӣ” тақдим намуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори Маркази зеҳни сунъӣ технологияи иттилоотӣ Шербоев Муродҷон иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки аз санаи 03.02.2022 то санаи 31.05.2022 бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ” дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи aSSIST-и Ҷумҳурии Корея дарсҳои маҷозии (онлайнӣ) курси зеҳни сунъӣ барои муассисаҳои таълимии зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд. Тибқи барномаи курси мазкур, ки аз тарафи Донишгоҳи aSSIST дар мувофиқа бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, дарсҳои зеҳни сунъӣ дар як ҳафта 2 рӯз (6 соат) мувофиқан рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе (бо вақти Тоҷикистон 14:30-17:30) баргузор карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар ин дарсҳои зеҳни сунъӣ аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шумори зиёди омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Қисмати аввали курс, ки 40 соатро дар бар мегирифт аз тарафи профессори Донишгоҳи aSSIST Ким Сонг Мин баргузор карда шуд. Дар ин дарсҳо оид ба омӯзиши “мошинӣ” маълумоти ибтидоӣ дода шуд. Ин дарсҳо асосан ба таври амалӣ баргузор гардид. Бо истифода аз барномаи компютерии Orange ҳар як иштирокчии дарс корҳои амалӣ ва супоришҳои амалиро иҷро карданд. Аз тарафи Маркази зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотии ДКМТ дар тамоми компютерҳои иштирокчиён аз донишкада барномаҳои компютерии зарурӣ гузошта (установка) шуд. Маводҳои иловагии дарсӣ ба иштирокчиёни дарс аз тарафи ташкилкунандагони курс дастрас гардид.
Шурӯъ, аз санаи 29.03.2022 то 31.05.2022 қисмати дуввуми курси зеҳнӣ сунъӣ аз тарафи профессори Донишгоҳи aSSIST Юнгҳо Ченг (Yoongho Chang) баргузор гардид. Дар қисмати дуввуми курси зеҳни сунъӣ асосан кодгузорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ бо истифода аз барномаи компютерии Tensor Flow таълим дода шуд. Барои иштирок дар ин курсҳо дар донишкада тамоми шароити лозима муҳайё карда шуд.
Дар чорабинии мазкур, ки тибқи барномаи таълимӣ дар умум 96-соатро дар бар мегирифт омӯзгорони донишкада фаъолона иштирок намуда супоришҳои ниҳоиро (8 адад) ҷиҳати гирифтани “Сертификат” дар муҳлати муайяншуда супориданд ва сазовори гирифтани сертификатҳои донишгоҳи болозикр гардиданд. Қобили қайд аст, ки аз байни 24 адад сертификатҳое, ки барои довталабон пешбинӣ шуда буд 8 адади онро довталабони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дарёфт намуданд, ки ин нисбати дигар мактабҳои олии кишвар ба маротиб зиёд мебошад.