Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо Сипосномаи раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарфароз гардид

Имрӯз, дар вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он рӯйхати аъзои нави ин ҳаракат низ тасдиқ гардид. Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мебошанд. Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вилоятии ҳаракати мазкур ба як қатор фаъолон ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ сипосномаҳо  тақдим карда шуд.

Ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ низ, ки раиси ташкилоти ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад, барои ҳамкории босамар, саҳмгузори дар татбиқи сиёсати давлатӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва тарғиби сиёсати инсондӯстонаю ваҳдатофари Пешвои миллат сипоснома тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯйхати 9 аъзои нави Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  низ ворид гардидаанд.

Шуъбаи иттиллот