Ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ кумакҳои пулии ҷудонамудаи Иттифоқи касабаро ба тозакорони донишкада супориданд

Имрӯз, ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳама тозакорон ва кормандони бахши хоҷагӣ бахшида ба 15-солагии донишкада, ки бо ташаббуси Иттифоқи касаба ҳавасманд карда шуда буданд, қадрдонӣ намуданд.
Роҳбарияти донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳама бонувонро ҷамъ оварда, ба онон барои хизматҳои хубашон изҳори сипос намуданд ва ба ҳамаашон туҳфаҳои пулиро тақдим намуда, изҳор доштанд, ки ҳамаи хизматҳои шумо ба назар гирифта мешавад ва агар ягон мушкилие доред ба мо муроҷиат кунед ва мо ҳамеша барои ҳалли мушкили кормандон омодаем ва пайваста бароятон кумак менамоем.
Дар ин вохӯрӣ ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалиро раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад ҳамроҳӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот