Ректори донишкада бо сипосномаи вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ гардид

Имрӯз, дар толори Қасри ҷавонони ба номи “Лоиқ Шералӣ”-и  шаҳри Хуҷанд вохӯрии намояндагони гурӯҳи “Аваргард” баргузор гардид. Пас аз суханронии меҳмонони олиқадр ба як қатор ректорон, ҷавонони фаъол сипосномаву медалҳои Вазорати корҳои дохилӣ тақдим карда шуд.  Аз ҷумла ба ректори донишгоҳҳои вилояти Суғд низ сипосномаи вазири корҳои дохилӣ тақдим карда шуд. Ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ низ имрӯз дар ҳамоиши ҷавонони “Авангард”  сипосномаи вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ тақдим карда шуд.