РАҲНАМОИ МИЛЛАТ ВА ҲОМИИ ВАҲДАТ

Хизматҳои фидокоронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати таҳкими ҳокимияти давлатӣ, истиқлолияти миллӣ, созишномаи сулҳи тоҷикон, сиёсати ободониву созандагиаш  басо арзишманду беназиранд.

Сарвари давлат на танҳо ҳамчун роҳбари аввалмақом,  балки ба ҳайси як фарзанди тоҷик, хизматҳои бузургро дар назди Давлату миллат ба сомон расонидааст.

Тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасурии ӯ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ободиҳо табдил ёфта, кишвар аз вартаи ҳалокат берун оварда, халқи парешонгашта сарҷамъ карда шуд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар саҳифаи таърихи навини халқи тоҷик бо дастгирии халқи тоҷик ва роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барқарор шудани сулҳи умум ва ризоияти миллӣ бо ҳарфҳои зарин навишта шудаанд. Маҳз тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ Сарвари давлат барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт, оғози корҳои созандагию ободонӣ заминаи боэътимод гузошта, миллати азияткашидаи моро ба ояндаи дурахшон раҳнамун сохт. Истиқлолияти давлатии ҶТ-ро зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. ҶТ бо эътироф кардани Ойинномаҳои СММ, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва  хориҷии худро амалӣ сохта, ба ҷаҳониён муарифӣ шудааст.

Президенти кишвар дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир талош варзида, бо ин иқдоми худ дар баланд бардоштани нуфузи эътибори байналмилалии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Ў ҳамчун сиёсатмадори оқил борҳо аз минбари СММ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба оқибатҳои фалокатбори мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухадир, қазияи Афғонистон, масъалаи норасоии оби тоза ва ғайра ҷалб  намудааст, ки таърих дурустии ин иқдомҳоро исбот намудааст. Табиат ба ӯ ҳамчун сиёсатмадори  варзида сифатҳои хирадмандӣ, дурбинӣ ва муносибати ҷиддӣ намудан ба сиёсатро лоиқ дидааст. Дар тӯли 29-соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид. Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ гардида, дар роҳи бунёд намудани ҷомеаи мустақили шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ: артиши миллӣ таъсис ва устувор гардонида шудаанд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ эътироф гардид, мамлакат давра ба давра аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳонида шуд.

Хизмати таърихии Президенти кишвар пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳаё намуд, ислоҳоти конститутсиониро амалӣ намуд, заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт ва ҷаҳониёнро ба чеҳраҳои бузургони миллат шинос намуда, обрӯю эътибори давлати тоҷиконро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест,ки барои таъмини якпорчагии Тоҷикистон, аз вартаи ҳалокат раҳонидани миллат, ба ватан баргардонидани гурезагон  ва дар маҷмуъ барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ президенти кишвар чӣ қадар  заҳмату талошҳо намуд. Дар Иҷлосияи таърихии   XVI  Шӯрои  Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии ҶТ бо як  боварию матонат изҳор намуда буд,ки «Ман қасам ёд мекунам ,ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона заҳмат  мекунам» ва имрӯз таърих дурустии суханони  ин роҳбари матиниродаро исбот намуд.

Бояд қайд намуд,ки ба дастовардани созишномаи истиқрори сулҳ кори саҳлу осон набуд. Раванди музокироти сулҳ ба бисёр монеаю мушкилиҳо рӯ ба  рӯ шуд.Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат 27-июни соли 1997 созишномаи сулҳ ба имзо расид.

Ҳар қадар солҳо гузаранд ,ҳамон қадар аҳамияти бузурги паймони сулҳ, сабақу натиҷаҳояш бештар аён мегарданд ва беҳуда нест, ки сиёсатмадорону ҷомеашиносони ҷаҳон таҷрибаи  сулҳи тоҷиконро барои ҳаллу фасли бисёр низоъҳои миллӣ, даргириҳову ҷангҳои шаҳрвандӣ ба ҳайси таҷрибаи пешқадам эътироф намудаанд.Таҷрибаи сулҳи тоҷикон хусусан, дар шароити кунунӣ,ки сиёсати ҷаҳоншавии  давлатҳои абарқудрат  дар гушаю канорҳои олам: Либия , Сурия , Афғонистон ва Украина боиси низоъҳои миллӣ ва мазҳабӣ гардидаанд, танҳо тавассути  оташбас ва ваҳдату эҳтироми ҳамдигарӣ  имконпазир мегарданд.

Вобаста ба ин ,имрӯз ҳар як фарди кишварро зарур аст,ки ваҳдати миллиро чун истиқлолияти давлатӣ як дастоварди бузургу  бебаҳои тарихи навини Тоҷикистон ҳифзу гиромӣ дорад. Зеро, маҳз Ваҳдати  Миллӣ суботу оромӣ ба мо имкон дод,ки дар давоми 23 соли истиқлолият ба комёбиҳои беназир дар ҳама соҳаҳо ноил гардем.

Бояд қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ бешубҳа рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарии миллати  тоҷик ва таҷассумгари ҳамбастагию ҳамдилии тамоми мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

                                 Ба ибораи шоир:

                                Ҷанги девонавори мо бигзашт,

                               Сулҳи деринтизори мо омад.

Ҳамин тавр саъю талошҳо ,хизматҳои арзишманди Сарвари давлат Ҷанобӣ Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди ба имзо расидани созишномаи сулҳи тоҷикон пеши назар оварда, метавон ӯро меъмор ва ҳомии сулҳу ваҳдат номид.

    Ҷалолова З.А.

омӯзгори ДКМТ