РАСОНАҲОИ ҒАЙРИРАСМӢ ТАФРИҚАНДОЗӢ МЕКУНАНД

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон вазъ хеле шубҳанок буда, аксарияти аҳолии сайёра аз пандемияи КОВИД-2019, ки дар моҳи декабр сар зад дар ҳарат афтодаанд. Лек, хушбахтона ин пандемия ба як чанд кишвари ҷаҳон аз ҷумла ба Тоҷикистон низ нарасид, ки ба бахти баланди миллати мо мебошад.

Ҳарчанд душманон ва иғвоангезон бисёр ҳам талош мекунанд, ки ин пандемия дар кишвари мо пайдо шавад ва аз ин лиҳоз ҳар шабу рӯз матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангезро менависанд, ки хеле нигаронкунанда мебошад.

Аз ҷониби дигар душманони миллати тоҷик ҳар шабу рӯз матлабҳои бардурӯғ ва хабарҳои беасосро паҳн менамоянд, то мардумро ба таҳлука андозанд ва сарсон намоянд. Ҳарчанд ин матлабҳо ягон асоси воқеӣ надорад ва ҳамаи ин овозаҳо бардурӯғ аст.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ медиҳанд, феълан дар кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба пандемия КОВИД-2019 ё худ коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва аз ин лиҳоз шаҳрвандон бояд ба таҳлука наафтанд ва ба ҳар гуна овозаҳо бовар насозанд. Зеро овозаҳо ҳамааш сохтаву бофтаи дасти душманон аст ва ягон ҳақиқат надорад.

Ҳамаи мардум метавонанд ахбор ва маълумоти заруриро аз расонаҳои расмӣ ва сомонаҳои Вазорати тандурустии кишвар ба даст оваранд.

Ҳоло, ки расонаҳое мисли радиои “Озодӣ” ва дигар сомонаҳои иғвобарангез талош менамоянд, ки миёни мардум тарфиқа андозанд ва ҷомеаро ба гумроҳӣ баранд, бисёр ҳам нигаронкунанда боқӣ хоҳад монд. Зеро ин расонаҳо бештар бар ивази маблағ ва барои хоҷагонии хориҷияшон фаъолият мебаранд, ки ҳамеша дар ин ҳолат манфиати хоҷагонашонро болотар мегиранд ва барои ҳамаи мо маълум аст, ки хоҷагони хориҷии ин тоифа душманони миллати тоҷик аст ва аз ин лиҳоз ин бадкешон барои сарсон ва воҳимазада намудани ҷомеа талош меварзанд.

Ҳоло аз ҷомеаи кишвар ва ҳамаи ҳамватанон тақозо менамоем, ки ба ин бадгавҳарон ва ин журналистони манфитаҷӯ, ки аз мурда кафан ҳам медузданд, бовар накунед ва ҳаргиз ба таҳлука наафтед. Зеро ин пандемия дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст ва ягон ахбори расмӣ дар бораи мубталошавии ин маризӣ вуҷуд надорад.

Аз ин лиҳоз, ба сафсатаву овозаҳои бардурӯғи душманони миллати тоҷик таваҷҷуҳ накунед ва ҳаргиз худро зери ҳамлаҳои психологии душманон қарор надиҳед. Душманони миллат барои сарсону гумроҳ намудани миллат чиҳое намегӯянд, аммо шумо ҳамватанони гиромӣ ба ахбори расмӣ ва санфидашуда таваҷҷуҳ фармоед.

М. Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ