ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ТАФРИҚААНДОЗИИ НАҲЗАТИЁН МАЛЪУН!

Ҳамон гуна, ки маълум аст, дар бисёре аз баромадҳояшон намояндагони ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳ намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа баҳри тафриқаандозӣ талош менамоянд, то миллатро дар ҳолати сардаргумӣ нигоҳ доранд.

Тавре, ки ба ҳама маълум аст, наҳзатиёни малъуну манфур бо роҳбарии Кабирии палид имрӯзҳо дар хориҷи кишвар талош меварзанд, то миллати тоҷикро роҳгум намуда, ба мисли солҳои 90-уми асри гузашта ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ баранд ва аз ин манфиатҷӯйӣ намоянд.

Ҳоло ба хотири ҳамин нақшаҳои манфуронаву манҳусона  наҳзатиёни малъун дар хориҷ паноҳ бурда, аз он ҷо ҳар рӯз як хабари бардурӯғ нашр месозанд ва талош менамяонд, ки ҷомеаро бо ин матлабҳояшон гумроҳ намоянд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони манфурро маҳкум намуда, ба ҳамаи наҳзатиёни малъун лаънат мехонем!