ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ РАВАНДИ САНОАТИКУНОНИИ МАМЛАКАТРО СУРЪАТ МЕБАХШАД. Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 15.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, ки ҳадаф ва мақсади он амалӣ намудани нақшаҳои бузурги стратегӣ, ояндабинии масоили муҳими иҷтимоӣ ва банақшагузории як қатор масъалаҳои нав барои рушди кишвар мебошад. Дар партави Паёми Сарвари давлат ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, н.и.и., профессор Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ расид, ки манзури хонандагон мегардонем.

Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба масоили муҳим ва зарурӣ таваҷҷуҳ намуда, оид ба масъалаи рушди иқтисодӣ, баланд гардидани сатҳи хидматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, тараққӣ додани «иқтисоди сабз», истифодаи «энергияи сабз», технологияҳои муосир дар истеҳсолот, захираҳои сарватҳои табиӣ, дастгирии соҳибкорон, додани имтиёзҳо ва ғайра сухан ронда, ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Дар Паёми мазкур таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат бештар ба омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат нигаронида шуда буд, ки мақсад аз ин фароҳам овардани ҷойҳои кории нав ва беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии сокинони кишвар мебошад.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон кишвари аз сарватҳои табиӣ бой ва дорои захираҳои бузурги маъодин мебошад, ки бо истифода аз ин захираҳо метавон раванди иқтисодии мамлакатро тағйир дод ва имкониятҳои навро фароҳам овард.

Бо истифода аз сарватҳои табиӣ ва бунёдӣ корхонаҳои саноатӣ мо метавонем, нишондиҳандаҳои иқтисодиро баланд бардошта, ҳамчунин бозорро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намоем.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки дар Паём Пешвои муаззами миллат дар назди маъданҷӯёни Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Имкониятҳои Тоҷикистон аз лиҳози истифода аз маъданҳо, минералҳо ва металлҳо ва ҳамзамон коркарди он хеле баланд мебошад ва бо истифода аз натиҷаи кори озмоишгоҳӣ ва пажӯҳишҳои геологӣ роҳи истифода аз сарватҳои табиӣ мувофиқтар мегардад.

Раванди саноатикунонӣ дар кишвар бо суръати баланд идома дорад ва маҳз дар ҳамин давра корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд карда шуданд, ки дар ин маврид дар Паёми хеш Президенти мамлакат махсус нишондиҳандаҳои баландро ёдовар шуданд.

Воқеан рушди саноат метавонад барои рушди иқтисод таъсири амиқ гузорад.

Саноатикунонии босуръати кишвар имконият медиҳад, ки имкониятҳои шаҳрвандон зиёдтар гардад ва ҳамзамон даромади молиявӣ низ тағйир ёбад, аз ҷониби дигар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ метавонад маҳсулоти бозори берунаро иваз намояд. Аз ҷониби дигар маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳҳои Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ роҳ меёбад.

Ҳамзамон бо бунёди корхонаҳои саноатӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд ва дар бозори меҳнат мутахассисони ватанӣ метавонанд бо дилхоҳ кор таъмин гарданд.

Дар Паёми имсола роҷеъ ба истифодаву истихроҷи самараноки металлҳо низ сухан рафт ва ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса дода, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созад.

Истихроҷи металлҳое ба монанди сурма, литий, волфрам ва никел бисёр манфиатовар ва барои иқтисодиёти мамлакат судманд мебошад. Ин металлҳо дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд ва арзишашон низ баланд аст.

Мусаллам аст, ки имрӯз сурма ва литий барои кишварҳои пешрафта бисёр зарур мебошад ва аз ин ҳисоб метавон истеҳсол ва коркарди ниҳоии онро ба роҳ монд, ки хеле манфиатовар мебошаду талабгорони зиёд низ дорад.

93 фисади масоҳати Тоҷикистонро кӯҳсорон ташкил медиҳанд ва сангҳои қимматбаҳо низ дар кишвар хеле зиёд мебошанд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ ташкил ва рӯ ба инкишоф ниҳод.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сурб, руҳ, тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сурма, симоб, флорит, булӯри кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ба мисли лаъл, лоҷувард, фирӯза ва ғайра, ҳамзамон намаксанг, масолеҳи сохтмонӣ, ангишт, нафт, гази табиӣ, обҳои маъданӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар Паём ҳамчунин масъалаи омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноати кӯҳӣ таъкид карда шуд ва дар ин масъала Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон метавонад саҳм гузорад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ
н.и.и., профессор, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»