ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

 
Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии давлатдории ҳар як миллати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанг, ҳувияти миллӣ, озодиву истиқлол ва ормонҳои созандаи халқ буда, дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихор, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандиро бедор месозад. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик Парчами давлатӣ на танҳо рамзи соҳибистиқлолӣ, балки нишонаи ҳастии миллат, ваҳдати миллӣ, сарбаландӣ ва бақои давлату давлатдорӣ мебошад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик соҳиби рамзҳои муқаддаси миллӣ гардид, ки дар байни онҳо Парчами давлатӣ ҷойгоҳи махсус дорад. 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар марҳалаи ҳассоси давлатсозии навини тоҷикон сурат гирифта, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ташаккули худшиносии шаҳрвандон аҳаммияти бузург дошт.
Маҳз бо мақсади гиромидошти ин рамзи муқаддаси миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ба он, ҳамасола 24 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқии ранга — сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази рахи сафед тоҷи зарҳал ва ҳафт ситора ҷой гирифтаанд. Ҳар як ранг ва унсури он дорои маънои амиқи рамзӣ буда, таъриху тамаддун, арзишҳои миллӣ ва ормонҳои неки мардуми тоҷикро таҷассум менамояд.
Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, шуҷоату матонат ва неруи созанда мебошад. Ранги сафед нишонаи покӣ, бахту саодат, сулҳу осоиштагӣ, умеду орзуҳои нек ва нияти поки мардум аст. Ранги сабз рамзи сарсабзиву шукуфоӣ, ободонӣ, зиндагии осоишта ва ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Тоҷи зарҳал ва ҳафт ситора бошанд, ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикон, ҳувияти миллӣ ва мақоми волои миллати тоҷик ишора мекунанд.
Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ягонагӣ ва ҳамбастагии мардум дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим дорад. Он сарфи назар аз синну сол, касбу кор, минтақа ва мавқеи иҷтимоӣ, тамоми шаҳрвандони кишварро дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ муттаҳид месозад. Парафшонии Парчами миллӣ дар гӯшаю канори мамлакат ва арсаи байналмилалӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ, эътирофи давлат ва муаррифгари симои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, майдонҳои шаҳрҳо ва дигар иншооти муҳим парафшон буда, дар чорабиниҳои расмию фарҳангӣ ва мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон муаррифӣ мегардад. Ҳар боре ки Парчами миллӣ дар арсаи байналмилалӣ баланд мешавад ва Суруди миллии Тоҷикистон садо медиҳад, дар қалби ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст эҳсоси ифтихор аз давлату миллати хеш боло мегирад.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ пеш аз ҳама эҳтиром ба Ватан, таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад. Ҳифз ва гиромидошти он танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа аст. Зеро мақому манзалати рамзҳои давлатӣ дар замоне бештар устувор мегардад, ки ҳар як шаҳрванд онҳоро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ эҳтиром намуда, барои ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ ва ободии сарзамини аҷдодӣ саҳмгузор бошад.
Дар ин раванд, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ аҳаммияти махсус дорад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози ҷомеа бояд дарк намоянд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо дар сухан ва баргузории чорабиниҳои идона маҳдуд намешавад. Он пеш аз ҳама дар рафтори намунавӣ, омӯзиши дониш, меҳнати содиқона, риояи қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷассум меёбад.
Хусусан, барои насли донишҷӯ ва омӯзгор Парчами давлатӣ бояд рамзи масъулият, садоқат ба касбу кор, талош барои донишандӯзӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа бошад. Омӯзгорон вазифадоранд, ки дар баробари таълими донишҳои илмӣ, дар қалби шогирдон муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ифтихор аз миллати хешро тарбия намоянд. Зеро насли дорои худшиносии миллӣ ва маърифати баланд метавонад ояндаи давлатро бо дастони худ созад.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арзишҳои бебаҳо буда, ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Парчами давлатӣ моро ба муттаҳидӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, созандагӣ ва садоқат ба Ватани маҳбуб ҳидоят менамояд. Зери парафшонии он мо бояд барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, пешрафти илму маориф ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ талош варзем.
Хулоса, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди ватандӯст рамзи муқаддаси ҳастии миллат, соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорист. Он моро ба пос доштани таъриху фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои муқаддас, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан раҳнамоӣ мекунад.
Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон, сулҳу субот пойдор, ваҳдати миллӣ устувор ва Тоҷикистони азизамон ободу сарсабз бошад!
Парчами мо – ифтихори мо,
Парафшонии он – сарбаландии миллат ва шукӯҳи давлатдории мост!
Давлатов Хайриддин
муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети корхои кӯҳии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон