СУПЕРДОНИШҶӮ – усулҳои самараноки азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Барои ташаккул додани ҷаҳонбинии дурусту васеъ ва ба марҳилаи рушди тамаддун мувофиқат кардани инсоният, мо бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқу риёзӣ ва табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ барои солҳои 2020 – 2040” –ро пешниҳод намуданд ва қайд намуданд: “Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.”

Аз ин ҷо зарурати густариши маърифати илмӣ пеш аз ҳама  донишҷӯёни моро лозим аст, ки барои беҳуда сарф накардани вақт ва босамар гузаронидани вақти хеш мебояд, бо омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ машғул шаванд. Баъзе аз ашхоси донишҷӯён фикр мекунанд, ки донистани фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ ба ҳеҷ кор лозим намеояд, аммо фикри онҳо нодуруст буда, баръакс фикронии дуруст аз ҳамин гуна фанҳо сарчашма мегирад. Яке аз усулҳои  зуд ва самаранок аз худ кардани дарсҳо  барои  донишҷӯён дар китоби “Супер донишҷӯ”  нишон дода шудааст, ки ин аз тарафи кафедраи Экология  ба донишҷӯёни кафедра пешниҳод карда мешавад ва дар айни замон аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ барои боз ҳам ба дараҷаи олӣ фаҳмондатар шудани ин китоб ба донишҷӯён тарҷума шуда истодааст.

Қобилияти самаранок таҳсил кардан як қудрати бузургест, ки на танҳо барои ба даст овардани баҳои баланд мусоидат мекунад, балки инчунин барои муваффақияти минбаъда замина фароҳам меорад. Аз он китоб шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр ба осонӣ аз худ кардани маводи мураккаб ва тамоми умр онро дар хотир нигоҳ доштан ва боз чӣ гуна усулҳои таълимро истифода бурдан лозим аст, то ҳаёти ҳаррӯзаи донишҷӯён осонтар шавад.

Дар китоб инчунин оид ба самаранок истифода бурдани вақт, банақшагирии корҳо методҳои махсус нишон дода шудааст.

Ин китоб дар ҳақиқат боиси таҳсину офарин аст ва ман чун хонандаи ин китоб ба дигарон низ маслиҳат медиҳам.

Фарҳоди Ангубин,

Донишҷӯи бахши 1, ихтисоси ҳифзи муҳандисии муҳити зист