Боздиди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳи химияи кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ аз озмоишгоҳи тозатаъсис, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, боздид ба амал овард.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад ҳамроҳӣ намуд. Зимни муаррифии таҷҳизот ва лавозимоти кории озмоишгоҳ мудири кафедраи мазкур дотсент Ҳоҷиев Саидмуқбил иттилоъ дод, ки дар озмоишгоҳи мазкур тамоми элементҳои даврии Менделеев мавриди омӯзиш қарор дода мешавад ва пажӯҳишгарону донишҷӯён метавонанд аз он бемамоният истифода намоянд.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, як қатор корҳои озмоишгоҳиро барои коркарди Литий, Сурма ва дигар элементҳо метавон дар ин ҷо гузаронид, ки имсол коркарди дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар донишкада чанд озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд, ки ҳамаи таҷҳизот ва лавозимоти озмоишгоҳро тибқи Лоиҳа Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуд.