Номаҳои табрикӣ ба муносибати 15-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Бахшида ба 15 -солагии таъсисёбии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба унвонии роҳбарияти донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз номи роҳбарияти  тамоми донишгоҳу донишкадаҳо ва ҳамчунин  аз хориҷи кишвар низ барқияҳои табрикӣ расиданд, ки дар аксарияти ин барқияҳои шодбошӣ изҳори хушнудӣ аз ҳамкорӣ ва равобит низ дарҷ шудааст.

Ҳамин гуна паёмҳои табрикӣ аз номи раиси КИ ҲХДТ Ҷалолзода Миршакар,  ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур Маҳмадёрзода У.М., аз номи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода М.М., аз номи ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” Ҷӯразода Ҷ.Ҳ., аз номи директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Дилафрӯз Раббизода ва дигар шахсони расмиву муассисаҳо ба унвонии роҳбарияти донишкада фиристода шудааст, ки ҷиҳати мароқ зоҳир намудан ба ҳама ҳамкорон роҳбарияти донишкада ба ҳама изҳори сипосмандӣ менамояд.