Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ва 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони “Рушди соҳаҳои маъдан ва кӯҳкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:нақши зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ” бо ширкати меҳмонони олиқадр, олимони ходимони давлатӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми вазорати саноат ва технолгияҳои нав Қурбонзода Исоҷон, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, мудири шуъбаи идеологияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, директори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд Саидзода Масрур, сардори раёсати илм ва муассисаҳои олии Ввазорати саноат ва технологияҳои нав Шарифзода Дилафрӯз, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ ва дигар меҳмонону олимон ширкат намуданд.
Чорабиниро профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рушди соҳаи маъдану кӯҳкорӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти сабз, дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди илму маориф, саноатикунонии босуръати кишвар суханронӣ намуд.
Ҳамзамон дар қисмати пленарии конфронс муовини якуми вазорати саноат ва технолгияҳои нав Қурбонзода Исоҷон, мудири шуъбаи идеологияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, директори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд Саидзода Масрур ва директори ҷониби чиноии Донишкадаи Конфутсий Сун Даман маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар шароити муосир омода намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат хеле муҳим буда, дар соҳаи кӯҳкориву маъдан, энергетика ва технологияҳои мошинсозӣ, зеҳни сунъӣ хеле зарур буда, дар ин самт Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар назди вазорати саноат ва технолгияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.
Гуфта шуд, ки айни замон дар Донишкада 4 факултет бо фарогирии 16 кафедра фаъолият дорад, ки аз рӯи 38 ихтисос мутахасисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро омодам месозад. Яке аз вазифаҳои дигари Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва унвондор ба ҳисоб рафта, айни замон ин боргоҳи таълимӣ бо пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 48 донишгоҳи олии дохиливу хориҷӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Ҳоло, дар Донишкада 230 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз ин 15 нафарашон докторонору профессор, 54 нафарашон номзадони илм ҳастанд, ки барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи бозор омода намудани мутахассисон ҷаҳду талош менамоянд.
Ҳамзамон, дар қисмати пленарии конфронс меҳмонон аз Донишгоҳи Норвегия профессор Харша Ратнавира, аз донишгоҳи Ҷумҳурии Қазоқистон, кишвари Ироқ, Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Русия олимон ба тариқи онлайн суханронӣ намуданд.
Сипас, кори конфрос дар бахшҳо бо ширкати меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия идома пайдо кард.
Шуъбаи иттилоот