НИҚОБИ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ ОШКОР ШУД

Имрӯзҳо мебинем, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва суст намудани арзишҳои муқаддаси шаҳрвандон, иғвобарангезӣ мекунанд, ки ин албатта як амали нодуруст ва норавост. Аммо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хотири ба даст овардани маблағ аз хоҷагони хориҷияшон имрӯзҳо чандин сомонаҳои ифротиро таъсис додаанд, ки мақсаду маромашон ҳам гумроҳ кардани насли ҷавон мебошад.

Валенаҳзатиён барои чӣ ин корро мекунанд?

Чаро наҳзатиён ва дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ намехоҳанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон озодона ташаккул ёбад?

Ин ҷо чанд масъала ҳаст, ки рӯ овардану шарҳи он ҳатмӣ мебошад. Аввал ин ки ТТЭ ҲНИ дар аввал як шохаи созмони террористии “Ҳизби таҳрир” дар Тоҷикистон буд, сипас аз ҷониби кишвари ба мо маълум сармоягузори шуду ҳамчун созмони террористӣ-экстремистӣ шакл гирифт. Бо истифода аз дин ва маблағҳои зиёди хоҷагони хориҷияшон террористони наҳзатӣ ҷомеаро гумром намуданд, фиреб доданд ва бар оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон равған рехтанд. Яъне наҳзатиёни зархарид ҷангро шурӯъ карданд ва сипас бар миллат хиёнат намуданд, ки ин ҳам аз фитрати паст ва ҷаҳолатзадагиву бегонапарастии наҳзатиён шаҳодат медиҳад.

Дуввум, наҳзатиёни террорист вақте аз ҷониби мардум ва давлат мавриди авф қарор гирифтанд, боз даст заданд ба ҷинояткорӣ ва хиёнаткорӣ, ки ин аллакай чеҳраи аслии аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро ошкор менамуд. Ҳамчунин дар ҳамин давра наҳзатиёни малъун ва палид ба хотири ноором намудани кишвар даст ба табаддулоти давлатӣ заданд, ки ин як хиёнати бузурги наҳзатиёни манҳус мебошад.

Ҳамзамон наҳзатиён ба хотири пули бештар гирифтан аз хоҷагони хориҷияшон имрӯз маҷбур шудаанд, то бештар хиёнат намоянд ва ҳоло ҳамин корро дар кишварҳои хориҷӣ  ҳам кардаистодаанд. Аммо наҳзатиёни хоин  фаромӯш кардаанд, ки чеҳраи аслии онҳо комилан ошкор шудаасту хиёнатҳояшон ба таври амиқ маълум.

Макру ҳилла ва найрангҳои наҳзатиён ба таври амиқ ошкор гардидааст ва феълан кулли ҷоме аогоҳ аст, ки наҳзатиёни террорист ва ифротгаро кистанду барои кадом хоҷа хизматгорӣ мекунанд?!

Ҷомеа акнун фаҳмид, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ на ҳамчун мухолифи сиёсӣ, балки ҳамчун душман ва хоин дар ниқоби мухолифи сиёсӣ амал менамудаанд, ки ин ҳам хиёнати бузург ва нобахшиданист.

Ибрагимов Н.

омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ