НЕЪМАТИ ВАТАНРО ШУКРГУЗОРӢ МЕБОЯД КАРД

Аслан,  бар ҳифзу афзун гардонидани Истиқлолияти   аз ҷониби мардум  муяссар гардида, ношукриву носипосӣ самараи нобудиву фано ва яъсу ноумедӣ маҳсуб меёбад. Ҷавҳари аслии дини мубини исломро низ шукргузориву қаноатпешагӣ ташкил дода, шукронаи неъмат кардан ҳамчун ғизои руҳ маҳсуб меёбад. Дар ин маврид дар сураи Бақара зикр гардидааст, ки “Ва Худоро шукр кунед, агар танҳо ӯро мепарастед”, ё ин ки Худованд мефармояд: “Ва маро шукр гузоред ва маро куфрон накунед”. Худованд шукргузорӣ ва сипосро барои бандагони хеш меписандад ва маҳз шукргузориву қаноат аст, ки боиси саодатмандӣ ва хушбахтии шахс дар дунё ва охират мегардад.

Хушбахтона имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳо барои зиндагии сокинони кишвар ва озодии эътиқоду пайравӣ ба дин фароҳам оварда шуда, ҳатто дар кишвар ба фаъолияти ҳизби исломӣ ба мисли ҳизби наҳзат иҷозат дода шуда буд. Маҳз бо мақсади таҳкими сулҳу субот ва танинанзодии ваҳдати миллӣ тариқи имтиёзҳо нафароне, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дасташон то оринҷ оғӯштаи хун буд ва барои парокандагии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истода буданд авф карда шуданд ва ҳатто иддае аз онҳо мисли собиқ генерали хоин Абдуҳалим Назарзода ба мақомҳои роҳбарикунандаи сохторҳои калидии кишвар баргузида шуданд.

Дар баробари ин маҳз ба хотири гиромидошти дини мубини ислом ва поку беолоиза нигоҳ доштани он аз ҳар гуна омезишҳои тафриқагароёна, дар мамлакат иқдомҳои наҷиб рӯи кор гирифта шуда, дарҳои масҷидҳо ба рӯи шаҳрвандон кушода шуд, имкониятҳо барои сафари шаҳрвандон ба ҳаҷҷи фарзиву умра, тарҷумаи Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ва тақсими ройгони он, тарҷумаи бисёр китобҳои мазҳабӣ ва дигар осори милливу фарҳангии миллати тоҷик, таъсиси Донишкадаи исломӣ, бузургдошти хотираи неки пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам ва амсоли инҳо ба роҳ монда шуд, ки сазовори ҳамагуна шукргузориҳост.

Албатта мардуме, ки аз ин неъматҳо шукргузорӣ намуда, барои ҳифзи ин арзишҳо заҳмату талош намуданд ба рӯзии фаровон ва рӯзгори хуш шарафёб гардиданд. Аммо боз дар ин замина нафароне мисли аъзову пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ пайдо шуданд, ки ин ҳама пешрафту шукуфоиро дида натавониста, байни мардум фитнаандозӣ намуда, хостори барангехтани кинаву низоъҳо дар дохили кишвар гардиданд. Ҳатто аз дастгириҳои пайдарпайи давлатӣ дар соҳаи дин наҳзатиҳо дидан нахоста, боз амалҳои разилонаи хешро идома бахшиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзатиҳо ҷонибдори поку беолоиза нигоҳ доштани дини мубини ислом набуданд, балки онҳо хостори дар доираи арзишҳои дини мубини ислом амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопоки худ ҳастанд.

Носипосии неъмат буд, ки наҳзат ба рӯзи сахт гирифтор шуда аз кафи Тоҷикистон берун шуд ва имрӯз аъзову пайравонаш шуруъ аз роҳбари террористаш Кабирӣ дар назди хоҷагонашон шармандаву ғуломвор умр ба сар бурда истодаанд, ки аз ин дида рӯзи сиёҳ нест.

Аз ин хотир ба ҳар неъмати Ватан шукргузорӣ намуда, бояд пайи ободкорӣ саҳмгузор бошем!

 

                            Икром Абдуллоев, дотсенти кафедраи ФГУ-и ДКМТ