НЕКХӮӢ ПЕША КУН ТО ВОРАҲӢ АЗ НЕШИ ХАЛҚ

Ҳангоми мутолиаи андешаҳои ҳамкорон ва ҳампешагони худ ба навиштаҳои муаллима Почоева М. –  дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ эътибор додам, ки чунин навишта шудааст: “ Мухолифини аз Тоҷикистон фирор карда аз хориҷи кишвар истода худро таҳлилгари сиёсӣ меҳисобанд. Пурра аз худ кардани сиёсати дохиль ва хориҷии ду давлат – Тоҷикистон ва Казоқистон, баҳои объективӣ додан  барои касе ,ки аз воқеияти имрўза воқиф нест имконнопазир аст. Таҳлилҳои мухолифин ба вайрон кардани арзишҳои сиёсӣ  ва тафриқандозӣ  дар ҷомеаи муосири тоҷикон нигаронида шудааст.

Таассуфовар аст, ки ду ё се нафар намояндагони мухолифини фироркардаи тоҷикон байни худ муттаҳидӣ  ва таҳаммулро таъмин карда наметавонанд, аммо худашонро чун дилсўзу ғамхори халқи тоҷику қазоқ муаррифӣ намуда ҳатто дасти дуо бардошта гўё орзуҳои нек  баён кардаанд. Сайидюнуси Истаравшанӣ, Салимпур, Кабирӣ барин таҳлилгарони сиёсӣ инъикоси мантиқан дурусти воқеияти на Тоҷикистону на Қазоқистон шуда наметавонад . Дар ҷомеаи имрўзаи давлатҳои номбурда  низоми  кулли ҳамеша инкишофёбандаи муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, маданӣ тартиботи ҷамъиятиро ташкил медиҳанд.

Муносибатҳои номбурда низоми тартиби муайянеро соҳибанд. Таҳлилгарони сиёсатзада  хеле  худбоварона изҳори  ақида менамоянд, ки ба истеъфо рафтани пешвоёни ду миллат барои ҳама хабари хушхолкунанда мебошад. Ҳар як масъала хоҳ сиёсӣ ё иҷтимоӣ зуҳуроту паҳлўҳои гуногун дорад, ҳамаи онро кадом як Сайидюнусу Салимпурҳо ошкор карда наметавонанд, чунки онҳо имконияту қобилияти омўхтани фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандони чандин миллион- нафараи Тоҷикистону Қазоқистонро надоранд. Ба ҳеҷ яки онҳо кафолати таҳлигариро касе надодааст.  Шаҳрвандони ҳар ду давлат дар раванди интихобот барои сарварони худ овоз додаанду сиёсати дохилӣ ва хориҷии пешвоёни худро хирадмандона меҳисобанд. Чунки мардум ҳамон сиёсат ва идеяро мепазиранд, ки барои прогресси ҷомеа нигаронида щуда бошад.”

Воқеан ҳам, дар ин самт бо муаллиф ҳамақида ҳастам, ки “ Таиноти сиёсат ва сиёсатмадорони варзида барои саодатмандии ин дунёии халқи заҳматкаш бояд нигаронида шавад. Дарёфтани  ҳақикати олам хеле душвор буда, ошкор намудани ҳақиқати сиёсат даҳчанд мушкилтар аст. Дар изҳороти хеш Мирзои Салимпур оиди сиёсат озодандеширо пеша кардааст.

Дар замони муосири Тоҷикистону Қазоқистон ҳамаи муамоҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги бе маслиҳату дуогўиҳои «ҳомиёни» миллати тоҷику қазоқ пай дар пай дар асоси бартараф кардани зиддиятҳо ҳал мешаванд. Ба маслиҳату тавсияҳои онҳо эҳтиёҷ надорад. Зиндагонии ҳаррўзаи мардуми ду кишвар бо маҷрои худ объективона пеш меравад. Онҳо дар фазои сулҳу ваҳдат бо бунёдкориву созандагӣ машғуланд. Ақидаю андешаҳои щаҳрвандони ду кишвар дар фазои ҳастии ҷамъиятии онҳо эҷод мешаванд. Ҷомеа низ мутобиқи қонунҳои худ чун ҷараёни яклухт ба туфайли робитаҳои ҳамаи муносибатҳои дар ҷомеа роҳандозӣ шуда пеш рафта, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва маданияти халқҳои гуногуни ҷаҳон сарчашма мегирад. Раванди ҷаҳонишавии моддию маънавиро ҳеҷ кас гирифта наметавонад, аз таълимоти динӣ ё сиёсии тоҷикони фирорӣ маншаъ намегирад.

Намояндагони оппозитсия, махсусан Сайидюнуси Истаравшанӣ маҳорати таҳлилгарии худро намоиш дода, тафаккури мардуми тоҷикро тағйир додан мехоҳанд, аммо аз сабаби паст будани дониши онҳо аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоии тоҷику қазоқ усули андешоронии онҳо ба мантиқи вокеияти замони муосир мувофиқ нест.”

Метавон ин андешаҳоро ба як байти Фонии Кашмирӣ ҷамбаст намуд:

Некхӯӣ пеша кун то вораҳӣ аз неши халқ

Дар ҷаҳон набвад гуле аз хӯи хуш бехортар

 

Зӯҳро Ҷалолова,  

дотсенти кафедраи ЗД ВА ЗХ-и ДКМТ