ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРШЕЙДЕРИИ ДКМТ: СОДДАЛАВҲ АЗ СӮҲБАТИ АҲЛИ ТАЛЛУҚ ФОРИҒ АСТ

Эҳсос менамоем, ки айни замон вобаста ба шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ васоити ахбори оммаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ озодона ва мустақилона фаъолият дошта истодаанд. Баробари  сомонаҳои давлативу расмии боз як чанд сомонаҳои ба ном демокративу озидихоҳе мавҷуданд, ки мехоҳанд шуури ҷомеаро вайрон ва тира созанд. Аз ҷумла сомонаҳои “Ахбор.ком”, “Паём.нет”, “Кимёи саодат” ва “Ислоҳ.нет” ба шумор мераванд, ки ҳамарӯза аз рӯи принсипи донам надонам хабару гузоришҳоро оиди вазъи Тоҷикистон пахш менамоянд.

Яке аз шахсоне, ки доимо бо дуруғгўйиҳои худ мехоҳад, ки тарафдорони худро пайдо намояд Мирзои Салимпур ба ҳисоб меравад. Оре, ин нафарон пеш аз ҳама бо ҳамкориҳои худ бо давлатҳои хориҷа, ки манфиатҳои худро дар зери дил нигоҳ дошта, мехоҳанд мақсадҳои ғаразноки худро бо воситаи Салимпур барин нафарони дуруғгў ва даҳрўяро истифода мебаранд. Ин забонхате, ки оварда шудааст, исбот мекунад, ки дар ҳақиқат  хоинӣ нисбати халқи тоҷик ва Тоҷикистон Мирзои Салимпур намудааст.

Дар бобати мақолаи Кӯри Юнус дар сомонаи “Кимёи саодат”, ки нисбати истеъфои Нурсултон Назарбоев ақидаҳои гуногун мавҷуд ҳастанд. Аммо, ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Қазоқистон дар зери роҳбарии президенти собиқи худ Назарбоев ба бисёр пешравиҳо ноил гардида, дар минтақа яке аз давлатҳо намоёни тараққидошта ба ҳисоб меравад. Ба ғайр аз ин нафареро, ки тўли чандинсолаҳо дар роҳбарӣ намудани давлат фаъолият намудааст, ўро аз идора намудан дур кардан ин аҳмақист. Он таҷрибае, ки дар идора намудани давлат Нурсултон Назарбоев дорад дар хеле нафарони кам во мехўрад.

Танҳо шахси соддалавҳ фирефтаи чунин хомабадастони лофзан мешавад!