МУЛОҚОТИ СУДМАНД БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ХУДОГОҲИВУ ХЕШТАНШИНОСӢ

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ мулоқоти судманди намояндагони мақомоти шаҳри Бӯстон дар мавзуи “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ дар шароити бӯҳрони ҷаҳонишавӣ” бо донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур муовини раиси шаҳри Бӯстон Нурзода Мамнур,  муовини аввали ректори ДКМТ Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, намояндаи мақомоти бехатарӣ Акбаров М.,  мудири шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими шаҳри Бӯстон Бобоев М. суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки дар шароити ҷаҳони мусоир, новобаста аз рушуд такомули бемайлони илму техника ҳанӯз ҳам мушкилоти истифодаи дурусту оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ мавзуи матраҳ аст ва бояд истифодаи дурусти он, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва корбарии шабакаҳои мухталифи маҷозӣ барои насли ҷавон фаҳмонида шавад. Зеро аксарияти ҷавонон аз ҳисоби ноогоҳиву истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ гумроҳ гардида, ба доми хиёнаткорону ифротгароён меафтанд, ки ин оқибати бисёр вазнин дорад.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи мазкур яке аз мавзуоти муҳим буда, донистани роҳҳои истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ барои насли ҷавон хеле муҳим мебошад.

Шуъбаи иттилоот