АЗ ВАНҶ ТО ГАНҶ

Насим Зиёвиддинов донишҷуи соли панҷуми факултети корҳои куҳии донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон 13-14-уми марти соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ширкат намуда, сазовори ҷои сеюм ва дипломи ифтихорӣ гардид.

Шоҳрух Восеҳов устоди ин донишҷуи фаъол иброз дошт, ки мақсади асосии баргузории Олимпиадаи мазкур, баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва инчунин, муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.

Аз байни даҳ нафар довталабони озмун ки  аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, филиали МГУ Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Хоруғ  даст боло шудани донишҷуи донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон камоли ифтихор аст.

Дотсент Абдумалик Олимов мудири кафедраи геология ва корҳои нафту гази ДКМТ иброз дошт, ки иштироки донишҷуён ҳамасола дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъмин карда шуда донишҷуён бо ишғоли ҷойҳои фахрӣ ба донишкада бармегарданд.

Таҳти роҳбарии ректори ДКМТ дотсент М.Фозилзода барои донишомузӣ ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва танҳо ба шарофати дониши хуб ҳар як донишҷӯ соҳиби шараф ва дастгирии моддию маънавӣ мегардад.

     Насим Зиёвиддинов донишҷуи соли панҷуми факултети корҳои куҳии донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон соли 2014 аз ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ба хотири воқиф шудан аз олами ганҷи куҳсор ва сарватҳои зеризаминӣ  шомили ДКМТ гардид. Дониши хуби ин донишҷуи фаъол бо стипендияи президентӣ қадрёбӣ гардид. Ҳамчунин дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс Н. Зиёвиддинов дар экспедитсияи комплексии шаҳри Гулистон ба сифати геолог-техник фаъолият намуда илмро бо амал пайванд месозад.

Пас аз ҳимояи корҳои дипломӣ дар мавзуи “Конҳои тилои Қаромазор”      Насим Зиёвиддинов нияти идомаи таҳсилро дар магистратура дорад ва ба дар пайраҳаи пурпечутоби илм қуллаҳои донишро фатҳ менамояд.

Зимни ҷамъбасти Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд гардид, ки аз 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар мавриди тайёр кардани мутахасисони саноати куҳӣ мақоми махсусро соҳиб мебошад.

 

Зайнидин Орифӣ

Сардори шуъбаи иттилооти ДКМТ