НАҲЗАТ ВА ХИЁНАТ

Инсоният дар симои терроризми байналмиллалӣ бо душманони бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.
Ташкилоти террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ, ки чун гуреза дар мамолики исломиву аврупоӣ қарор дорад, зимни мулоқоту вохӯриҳои бо аксар созмону муассисаҳои давлативу ғайридавлатии исломиву аврупоӣ барои ҳамкорӣ бо наҳзати ифротгаро ва шиносонидани ба ҷамъияти он кишварҳо гуфтугӯйҳо анҷом медиҳад. Вай дар суханрониҳо аз муваффақияту дастовард ва имкониятҳои ҳизби наҳзати ёдовар мешавад, дар баъзе ҳолатҳо худро ҳомии мутлақ ҳисобида, бори туҳмату буҳтонро бар сари давлату миллат ва мардуми Тоҷикистон мерезад.
Воқеан ҳам, стратегияи асосии ҳизби наҳзатро ислоҳи ҷомеа номанд ҳам, аслан, стратегияи ҳизби тундгарои наҳзати исломӣ ислоҳи ҷомеа набуда, балки исломикунонии ҷомеа аст. То имрӯз наҳзат дар ҷомеа ягон ислоҳоте нагузаронидааст, ки ҳамчун ислоҳгар шинохта шавад.
Ташкилоти террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ дар сиёсат барои худ исломро, чунонки мехоҳад, тағйир медиҳад ва инро падидаи нав дар ҳаёти наҳзатиҳо мешуморад. Гоҳо худро исломи сиёсӣ меноманд, гоҳи дигар исломи фарҳангӣ, гоҳҳо исломи оилавӣ. Хусусияти хоси ислоҳгароии сиёсии онҳо дар он зоҳир мегардад, ки муносибати мусулмон ба мушрикон ва ғайримусулмононро ба принсипи дохилиисломӣ табдил дода, аз ҷониби як мусулмон такфир хондани мусулмони дигарро раванди нав дар ҷомеа меҳисобанд.
Тавре коршиносон изҳор медоранд, сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм гуногунанд. Аз ҷумла, сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, пайдоиши шавқ ба фаъолияти нав, камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, сатҳи пасти фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва дигар омилҳо мебошанд.
Бо назардошти паҳлуҳои гуногуни масъала, ба хулосае омадан мумкин аст, ки нақши аҳолӣ аз ҳар ҷиҳат дар самти пешгирии терроризхму экстремизм ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори он, махсусан оид ба ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва шахсони ҷиноятпеша, пешгирии ҳодисаҳои нохуши террористӣ, аз роҳи бад баргардондани ҷавонон, муҳофизати Ватан ва арзишҳои миллӣ, таъмини оромиву осудагии диёр ва ҳимояи манфиатҳои бениҳоят муҳим, зарурӣ, калидӣ ва ҳатто ҳалкунанда мебошад.

Абдуллоева Наргисахон Муталибовна