Нақши тарбиявии оини исломӣ дар ҷомеа

Дин аз замони пайдоиш ҳамчун институти иҷтимоӣ дар пешрафти ҳаёти маънавии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон (12.04.2021) оид ба ҷиҳати тарбиявии дини мубини ислом сухан ронда қайд намуданд, ки “Воқеан, аз дидгоҳи дини дини мубини ислом муҳаббат ба халқу Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз карданду обод намудани он қарзи муқаддас ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад.
Аз ин хотир , ташаккули сохтори чомеа, урфу одатҳои зистӣ ва оилавӣ рафтори инсон, виҷдон ва шаъну шарафи он – ҳамаи ин арзишҳо дар садсолҳо гузашта асосан дар чорчӯбаи таълимоти динӣ асос ёфта буд.
Албатта қисме аз одамон буданд ва имрӯз ҳам ҳастанд, ки нуқтаҳои асосии таълимоти исломро барои мақсадҳои ғаразнок истифода мебаранд.
Лекин ҳар як шахс медонист, ки чӣ хуб асту чӣ бад аст. Аз рафтору гуфтори ношоистаи он шахс шарм медошт ва ҷомеа ба ин кирдор ӯро маҳкум мекард.
Ҳоло бошад, бо сабаби дуршавӣ аз дин, пастравии дараҷаӣ ахлоқӣ, худписандӣ, вайроншавии оилаҳо, таҳқири одатҳои қадима, зиёдшавии ҷинояткорӣ ва монанди инҳо ба назар мерасад.
Ҳамаи ин руйдодҳо ақли солими ҷомеаро аз тақдири ояндаи инсоният ҷиддан ором намегузорад , ва зарур аст,ки чораи таъсирбахш бояд андешида шавад.
Таърих гувоҳ аст, ки тарбияи ҷомеъаи инсонӣ дар асоси таълимоти се дини бузург бо роҳбарии пайғомбарон Мӯсо, Исо ва Муҳаммад роҳандозӣ гардида аст.
Таълимоти ин се дин оиди рафториу кирдори инсон бо ҳам хеле монанд аст зеро, ки ин таълимотҳо ба сазовор гузаронидани ҳаёти инсон, яъне инсонро бо роҳи ҳақ ва некӣ равона мекард.
Махсусан дини ислом одамонро ба таҳқир накардан ва эҳтиром ба дигар динҳо даъват намуда , дар роҳи расидан ба мақсади умумӣ – ба баланд бардоштани савияи руҳиву маънавият равона месозад.
Бояд қайд намуд, ки 20 апрели соли ҷорӣ ба зодрӯзи пайғамбари дини Ислом 1450 сол мешавад. Ин шахсият бузург 20- уми апрели соли 571 дар шаҳри Маккаи Арабистон ба дунё омадаанд , ва асосгузори дини ислом мебошад.
Мазмунан “Ислом” маънои «Худотарс» -ро дорад.
Падари Пайғомбар Абдуллоҳ тиҷоратчии хурд буда, якчанд моҳ пеш аз таввалуди Эшон вафот кардаанд. Модарашон бошад дар синни шашсолагии фаразандаш аз дунё чашм мепӯшанд.
Ятими шашсоларо бобояшон Абу Муталлиб ба тарбия мегиранд ва баъди вафоти бобояшон, амакашон Абӯ Толиб тарбияро ба ӯҳдаи худ мегиранд.
Абӯ Толиб инсони хеле нексиришт буданд. Азбаски , Абӯ Толиб хеле камбағал буданд, Муҳаммад аз хурдӣ барои дарёфти як бурда нон заҳмат мекашиданд. Аввал ҳамчун подабон ва баътар ҳамчун хизматчии корвони тиҷоратӣ шуда кор кардаанд.
Пайғомбари оянда шахси хеле боодобу ҳалолкор буданд.Бисёр вақт моли беваи бой Ҳадичаро барои тиҷорат ба ӯҳда мегирифтанд. Ин хислатҳои неки Муҳаммад ба Ҳадича хеле хуш( маъқул)омада вақте, ки пайғомбар ба синни 25 сола расиданд ба завчигӣ таклиф намуданд. Ҳадича дар роҳи ташфиқоти мардум ба дини ислом ёрдамчии беҳамтои Пайғомбар буданд. Он кас тамоми молу мулки худро дар ин роҳ сарф намуда, аввалин шуда , дини исломро қабул намуданд.
Муҳаммад (а.с) шахси ба фикру хаёл кунанда ва танҳо буданро дӯст медоштанд. Дар муроҷиат бо одамон хеле бо тамкин дилкаш ва суботкор буданд.
Дар ҷавонӣ аз мавзӯъҳои диниву файласуфи сӯҳбат карданро дӯст медоштанд. Аз рӯйи гуфти ҳамзамонҳо, эшон хеле оташинсухан буданд ва қобилияти фавқулбаланди ташфиқотӣ , боварӣ кунонидани авомро соҳиб буданд. Аввалин ташфиқот бар зидди бисёрхудоӣ ва будпарастиро дар Макка дар синни 40 солагӣ соли 610 сар карда , одамонро ба яккахудоӣ даъват менамуданд.Мардумро ба зарурати адолатнокӣ байни мардум, хайрот ба мискинон, шукр намуданашон ва тоза намудани аз одату рафторҳои ваҳшиёна ташфиқот менамуданд.
Махсусан аз сабаби он , ки дар иқлими Арабистон биёбонӣ зистан хеле вазнин буд , ба одати онвақта , ки агар духтар тавваллуд шавад, ҳамчун хӯрандаи зиёдатии зинадагӣ кӯдаки зиндаро мегӯрониданд . Аммо Пайғомбар ин одати ваҳшиёнаро барҳам дода ба он хотима доданд.
Бояд қайд намуд, ки Зан-модар дар таълимоти ислом мавқеи муҳим дорад. Ислом таҳқири занро ҳеҷгоҳ раво намебинад.Зан ҳамчун фариштаи оила ҳисоб мешавад. Маҳз хислатҳои хуби дини ислом яъне адолатпарастӣ , ҳалолкорӣ, тозагӣ, баробарҳуқуқӣ ва монанди инҳо буд, ки ҳануз с 631 қариб дар тамоми нимҷазираи Арабистон дини ислом паҳн ва қабул шуда буд.
Ҳаёти шахсии Муҳаммад (с.а) , ки хоксорона буд, ҳам дар замони худашон ва ҳам дар ҳозира ҳам намунаи ибрат мебошад.
Натиҷаи ҳаёт ва фаъолияти эшон ин буда, ки дини ислом дар олам паҳн шуд ва ба дараҷаи яке аз бузургтарин оин ноил гашт ва қабилаҳои парокандаи арабро муттаҳид намуда ҳоло Арабистони Саудӣ ба яке аз давлати нашъунамоёбанда табдил ёфтааст.
Барои тасдиқи ҷиҳати равияи ахлоқӣ доштани гуфтаҳои пайғомбар аз ҳадисҳои пайғомбар ва Қуръони муққадас , як қатор намунаҳоро меоварем:
“ Некӣ кунед” Ба падару модаронатон, наздиконатон, ва ятимону фақирон ҳамсояву ҳамсафаратон.
Нисбати эътиқод ба дин гуфта шудааст:
“ Ононе ки имон оварданд! Битарсед аз Парвардигор ва росткор бошед.”
Дар дин маҷбурият вуҷуд надорад. “ Роҳи рост ҳамеша кушоду равшан аст”. Касе ки аз таълимотҳо қалбакона канор мегирад ва ба Офаридгор боварӣ дорад, дар такягоҳи матин меистад.
Нисбатан истеъмоли маводҳои хумордор ва машғулиятҳои қиморӣ дар Қуръон омадааст.
Имондорон! Шароб бозиҳои қиморӣ- “ин амали шайтон аст, аз ҳамин сабаб аз ин машғулиятҳо худро дур кунед, то ин , ки хушбахт шавед»
Оиди ятимон чунин омадаст:
Ба ятимон сарпарастӣ кунед, ғамохору раҳмдил бошед, амволи онҳоро баъди балоғат расидан супоред ва ҳаргиз онҳоро сарф накунед. Ки ин амал гуноҳи азим аст!
Аз сабаби он , ки Арабистон иқлими эквадорӣ , яъне хеле гарм дорад ва камоб аст, дар масаълаи интихоби гӯшти ҳайвонот ва тарзи ғасби онҳо аҳамияти махсус дода мешавад.
Танҳо истифодаи гӯшти ҷуфтсумҳо – гӯсфанд, гов , оҳу ва монанди онҳо иҷозат дода мешавад , ки бо тарзи мусалмонӣ , яъне пурра рехтани хун аз тан ва ҷудо карадани узвҳои ҳозима, ҳамчун маҳсулоти моли гӯшти истифода карда мешавад.
Истифодаи ҳайвони мурда, захминшуда ва ба тарзи дигар ғасб карда шуда манъ аст ва ҳаром ҳисобида мешавад.Истифодаи гӯшти бӯйкарда қатъиян манъ аст.
Дар ислом яке аз муҳимтарин талоботи асоси ин тоза нигоҳ доштани тан, махсусан дасту пой, даҳону бинӣ ва чойҳои ихроҷӣ мебошад.
Пеш аз таом шустани ду даст заруртарин қойида аст. Бе шустани дастҳо хурадани таъом манъ аст.
Оиди хонадоршавӣ таълим медиҳад, ки бояд хонадоршавандаҳо розӣ бошанд ва ба ҳамдигар маъқул бошанд, дар назди гувоҳ розигии худро баён намудан шарт аст.
Мард бояд занро бо маблағи муайян ( ба ғайр аз сарфаи рӯзгорӣ) таъмин намояд, ки сарфаи он дар ихтиёри зан аст.
Қуръон таъкид менамояд, ки ҳар як инсон дар роҳи ҳақ мубориза барад.(Дар инҷо дар роҳи адолат ва ҳифзи ватан дар назар дошта мешавад).
Мусалмон бояд ростгӯй ва ростқавл бошад, гарчанде ки нафъовар набошад ҳам.
Шахсан зиндагии пайғамбари ислом Муҳаммад (а.с) намунаи ибрат ба дигарон аст ва гуфтору васиятҳои он кас ҳамчун кодекси тарбиявӣ дар ҳаёт истифода бурда мешавад.
Барои намуна якчанд ҳадисро мисол меоварем:
Инсони беҳаё ҳамагуна бадкориро содир карданаш мумкин.
Маргро на ба худ ва на ба дигарон раво набинад.
Аз занҳои безебу рафторашон ношоиста худро канор гиред.
Тарбияи хуб – ин беҳтарин мерос ба фарзанд аст.
Бо исботи гуноҳ ва гувоҳон ҳеч касро ҷазо надиҳед.
Он чи ки медонед, онро ба дигарон фаҳмонед ва омӯзонед.
Ба дигарон бори гарон нашавед.
Сайру гашт кунед ва дар ҳаракат бошед, то ки саломат истед.
Фурӯтанӣ ва худдорӣ ба инсон бузургӣ меоварад.
Шиноварӣ, тирандозӣ ва аспсавориро омӯзед.
Сариштакор бошед, то ки ба мӯҳтоҷӣ намонед.
Ҷаннат зери пои модарон аст.
Обро ифлос накунед ва ба дигарон омӯзонед.
Оромӣ – бурдборӣ аст.
Ноумедӣ – бой додан аст.
Ҳар як амал аз руйи натиҷа баҳо дода мешавад.
Одамонро ҳамеша талқин кунед, ки бадкорӣ накунанд.
Қарз бояд гардонида шавад.
Инсони диндор либоси оддӣ ва покро мепӯшад.
Беҳтарин рафтори инсонӣ – ростгуйист.
Хубтарин садақа – гурӯснаро хӯронидан аст
Пиронро гӯш андозед, эҳтиром намоед.
Вақте ки оташин шудед сабуриро пеша намоед.
Хушбахтона , дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шуда аст, ки шарҳванд дар қабули оини динӣ озод аст ва ташкилотҳои динӣ дар чаҳорчубаи Қонун бояд фаъолият намоянд.
Ба ҳама маълум аст, ки Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷанобӣ Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки вазифаи муқаддаси намояндаҳои ташкилотҳои динӣ иборат аз тарбияи ҷавонон ва ҷомеа мебошад.
Дар навбати худ бояд дар анзар дошт, ки имрӯз вабои нави аср COVID- 19 (коронавирус) ба ҳамаи гӯшаю канори ҷаҳон паҳн шуда истодааст, ва яке аз роҳҳои пешгирии он, риояи қатъии гигенияи шахсӣ мебошад.
Маҳз дар ин масъала дини ислом риояи тоза нигоҳ доштани баданро таъкид менамояд, ки онро бояд ҳар як мусулмон риоя намояд, чуноне ки дар боло зикр шудааст. Исботи амалии риояи покизагӣ дар он аст , ки миқдори сироятшудагон ва махсусан фавтидагон дар Ҷумҳурии мо, ки аксарият мусалмон мебошанд, нисбатан ба ҳисоби фоиз хеле кам мебошад.
Хулоса мо солхӯрдагон бо якҷояги ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ҳамроҳи мураббиён, омӯзгорон ва падару модарон бояд дар роҳи тарбияи ҷавонону наврасон нуқтаҳои асосии тарбиявии китоби муқаддас – Қуръони каримро ва суннатҳои пайғомбарро ба таври васеъ истифода барем.

Муаллими калони кафедраи Таъминоти барқ , собиқадори меҳнат

Иброҳимов Исмоил ДКМТ ш. Бӯстон 2021