ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО БАР ИЛМИ ТИБ ТАКОНИ НАВ МЕБАХШАД

Ҳоло дар шароити мусоид ва рушди босуръати илм ва технология, давлатҳое муваффақанд, ки ба рушди илму маърифат, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва дастгирии олимону муҳаққиқон аҳаммияти махсус медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатиро ба рушди илм, маориф ва навоварӣ бахшидааст, ки аз муҳимиятҳои замони замони муосир маҳсуб меёбад. Дар ин замина таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино яке аз иқдомҳои муҳим ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки барои қадршиносии дастовардҳои илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва муаррифии мероси гаронбаҳои нобиғаи нотакрори миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино аҳаммияти бузург дорад.
Ин ҷоиза на танҳо ҳамчун василаи ҳавасмандгардонии олимон хизмат мекунад, балки ҳамчун рамзи эҳтиром ба мероси илмии яке аз бузургтарин донишмандони башарият ва омили рушди дипломатияи илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ арзёбӣ мегардад.
Абӯалӣ ибни Сино яке аз нобиғаҳои барҷастаи таърихи тамаддуни башарӣ мебошад. Мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино намунаи равшани пайванди илм, маърифат ва инсонгароӣ мебошад. Аз ин рӯ, таъсиси ҷоизае ба номи ин донишманди бузург аҳаммияти рамзӣ ва илмии хос дошта, ба эҳёи арзишҳои илмӣ ва тарғиби дониш мусоидат менамояд.
Қайд кардан зарур аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Пешвои муаззами миллат муҳаққиқон, ихтироъкорон ва ҷавонони соҳибистеъдодро пайваста дастгирӣ намуда, таъкид месозанд, ки пешрафти ҷомеа бидуни рушди илм ғайриимкон аст. Дар партави сиёсати илмпарваронаи Роҳбари муҳтарами давлат муассисаҳои илмӣ таҳким ёфта, барои таҳқиқоти илмӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда шудааст. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино идомаи мантиқии ҳамин сиёсати хирадмандонаву башардӯстона мебошад, ки мақсади он баланд бардоштани нуфузи илм, қадршиносии олимон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тараққиёти илми тиб мебошад.
Гуфтан лозим аст, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳамагуна ҷоизаи илмӣ ташвиқи фаъолияти таҳқиқотӣ мебошад. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино олимонро барои анҷом додани тадқиқоти муҳим ва пешниҳод намудани дастовардҳои нав дар соҳаҳои илми тиб ҳавасманд месозад. Муҳаққиқон дар шароити рақобати солим кӯшиш менамоянд, ки корҳои илмии дорои аҳаммияти ҷаҳонӣ анҷом диҳанд, ки ин хеле муҳим мебошад.
Маълум аст, ки илм имрӯз хусусияти байналмилалӣ дорад ва ҳеҷ як давлат наметавонад дар алоҳидагӣ ба тамоми дастовардҳои илмӣ ноил гардад. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино имконият фароҳам меорад, ки олимони кишварҳои гуногун бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, таҷриба ва донишҳои худро мубодила созанд. Ин раванд ба рушди дипломатияи илмӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Албатта, таъсиси чунин ҷоизаи сатҳи байналмилалӣ баҳри баланд гардидани мақоми Тоҷикистон дар арсаи илми ҷаҳонӣ мусоидат менамояду бо муаррифии номи Абӯалӣ ибни Сино ва ҷалби олимони маъруфи ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мероси бойи илмӣ ва фарҳангӣ бештар шинохт пайдо хоҳад кард. Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарзамини тамаддунофар шинохта мешавад, ин иқдом дар шароити мусоир боз ҳам имкони нав мебошад.
Муаррифии осор ва афкори Абӯалӣ ибни Сино барои насли ҷавон аҳаммияти калон дорад. Ҷоиза ба омӯзиши амиқтари мероси илмии ин донишманди бузург мусоидат намуда, ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносии таърихиро тақвият медиҳад. Ҷавонон тавассути шиносоӣ бо мероси Ибни Сино дарк мекунанд, ки ниёгони онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Вақте ки давлат олимонро қадр мекунад ва дастовардҳои илмиро гиромӣ медорад, ҷавонон низ ба таҳсил ва фаъолияти илмӣ бештар рӯ меоранд. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино метавонад барои ҷавонони соҳибистеъдод ҳамчун намуна ва ангезаи муҳим хизмат намояд.
Ин иқдом дар байни ҷавонон фарҳанги илмомӯзӣ, тафаккури эҷодӣ ва майл ба навовариро тақвият мебахшад. Дар натиҷа, шумораи муҳаққиқони ҷавон зиёд гардида, иқтидори илмии кишвар таҳким меёбад.
Дар охир ин нуктаро бояд таъкид созам, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми муҳиму саривақтӣ дар роҳи рушди илм ва маърифат ба ҳисоб меравад. Ин ҷоиза барои ҳавасмандгардонии олимон, рушди таҳқиқоти илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, эҳёи мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино ва баланд бардоштани илми тиб дар арсаи ҷаҳонӣ аҳаммияти бузург дорад.
Бо таъсиси ин ҷоиза арзишҳои илмӣ ва маърифатӣ боз ҳам бештар тарғиб гардида, насли ҷавон ба омӯзиши илм ва фаъолияти эҷодӣ ҷалб мешаванд.
Аз ин лиҳоз, Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Синоро метавон яке аз муҳимтарин ташаббусҳои илмӣ ва фарҳангии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арзёбӣ намуд, ки барои рушди устувори кишвар ва таҳкими нуфузи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Камолиддин ҚОЗИЗОДА
декани факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон