ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ВА СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Инро бояд донист, ки Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин донишмандон ва мутафаккирони тамаддуни башарӣ ба шумор меравад. Номи ӯ ҳамчун файласуф, табиб, донишманд ва муаллифи асарҳои гаронбаҳову муҳими илмӣ дар таърихи илм ва фарҳанги ҷаҳон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Осори илмии ӯ садсолаҳост, ки ҳамчун манбаи дониш дар кишварҳои гуногун истифода гардида, дар рушди илми тиб, фалсафа, мантиқ ва дигар соҳаҳо саҳми арзишманд гузоштааст. Миллати сарбаланди тоҷик Абӯалӣ ибни Синоро ҳамчун фарзанди нобиғаи нотакрори миллат эҳтиром намуда, аз мероси гаронбаҳои ӯ ифтихор менамоянд.
Дар замони муосир таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангиву илмии ниёгон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтааст. Дар ин замина гиромидошти мақому манзалати Абӯалӣ ибни Сино ва таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи ӯ аҳамияти бузурги илмӣ ва фарҳангиву байналмилалӣ дорад.
Абӯалӣ ибни Сино аз овони ҷавонӣ ба омӯзиши илмҳои гуногун шавқу рағбати зиёд дошт ва дар муддати кӯтоҳ ба яке аз донишмандтарин шахсиятҳои замони худ табдил ёфт.
Осори машҳури ӯ «Ал-Қонун фит-тиб» ва «Китоб-уш-шифо» дар саросари ҷаҳон шуҳрат пайдо карданд. «Ал-Қонун фит-тиб» қариб ҳашт аср ҳамчун китоби асосии тиббӣ дар донишгоҳҳои Аврупо истифода мешуд. Ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бузург гузошта, усулҳои ташхис ва муолиҷаи бемориҳоро такмил додааст.
Ғайр аз тиб, ӯ дар соҳаҳои фалсафа, мантиқ, математика, астрономия, химия ва адабиёт низ асарҳои арзишманд таълиф намудааст. Маҳз ҳамин хизматҳои беназири илмӣ боис гардиданд, ки номи Сино дар қатори бузургтарин олимони ҷаҳон ҷой гирифтааст.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангии ниёгон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин масъала бузургтарин корҳоро анҷом доданд. Роҳбари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ аз ҷойгоҳи бузурги Абӯалӣ ибни Сино ёдовар шуда, ӯро яке аз рамзҳои тамаддуни тоҷикон ва ифтихори башарият номидаанд.
Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осори Абӯалӣ ибни Сино дубора мавриди омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷониба қарор гирифта, манзури ҳамватанон гардонида шуд. Китобҳо ва таълифоти ӯ бознашр гардида, барои омӯзиши амиқи мероси илмии ӯ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Яке аз иқдомҳои муҳимтва мондагор дар роҳи арҷгузорӣ ба мероси ин донишманди бузург таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Ҳадафи асосии ин ҷоиза қадрдонӣ намудани олимон, муҳаққиқон ва шахсиятҳое мебошад, ки дар рушди илми тиб ва дигар соҳаҳои дониш саҳми назаррас мегузоранд.Таъсиси чунин ҷоиза аҳамияти бузурги байналмилалӣ дошта, имконият медиҳад, ки номи Абӯалӣ ибни Сино боз ҳам бештар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад. Ин иқдом ҳамзамон, ба густариши ҳамкориҳои илмӣ байни кишварҳо, рушди пажӯҳишҳои илмӣ ва ҳавасманд намудани олимони ҷавон мусоидат менамояд.
Ҷоизаи мазкур рамзи эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шахсияти Абӯалӣ ибни Сино буда, дар айни замон мақоми Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои таърихи бой ва мероси бузурги фарҳангӣ баланд мебардорад. Қайд кардан лозим аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ илм ва дониш яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино метавонад ба рушди илмҳои муосир, бахусус тибби ҷаҳонӣ, такони ҷиддӣ бахшад.
Ин ҷоиза на танҳо барои қадрдонии олимони варзида, балки барои таҳкими робитаҳои илмӣ байни кишварҳо низ аҳамияти калон дорад. Ҳамчунин, он метавонад ҷавононро ба омӯзиши илм ва идомаи анъанаҳои илмии ниёгон ҳидоят намояд.
Бо таъсиси чунин ҷоизаи байналмилалӣ Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҳамчун маркази арҷгузорӣ ба арзишҳои илмӣ ва фарҳангӣ бештар шинохта мешавад. Ин иқдом инчунин нишон медиҳад, ки давлат ба рушди илм ва дастгирии олимон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар умум бояд гуфт, ки Абӯалӣ ибни Сино фарзанди миллати тоҷик аз ҷумлаи бузургтарин чеҳраҳои илмии ҷаҳон буда, мероси ӯ то ба имрӯз аҳамияти худро гум накардааст. Осори илмии ӯ дар пешрафти тамаддуни инсонӣ нақши бузург бозида, номи ӯро ҷовидонӣ гардонидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва гиромидошти мероси Абӯалӣ ибни Сино ба сатҳи нав бардошта шуд. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино идомаи мантиқии ин сиёсати илмӣ ва башардӯстона мебошад.
Ин ҷоиза на танҳо василаи қадрдонии олимон, балки рамзи эҳтиром ба арзишҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад. Бо чунин иқдомҳо номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун ситораи дурахшони илму маърифат ҳамеша зинда хоҳад монд ва барои наслҳои оянда намунаи ибрат мегардад, ки мо бо доштани чунин фарзанди хирадманд ифтихор менамоем.
Воҳид МИРЗОЗОДА
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон