Нақшаҳои панҷсолаи корҳои илмӣ тасдиқ гардиданд.

Нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии сохторҳои донишкада барои солҳои 2021-2025 дар Шӯрои олимон таърихи 26.02.2021 дар мувофиқа бо 20 корхонаҳои саноатии кишвар, тасдиқ гардиданд. Дар ин бора муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Насриддинов З.З. ба шуъбаи иттилоот хабар дод.
Номбурда зикр намуд, ки гузашта аз ин сохторҳои донишкада аз рӯи нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2015-2020 фаъолият намуданд, ки мо онро бо муваффақият хотима додем. Мувофиқи натиҷаҳои он 15 монографияи гурӯҳӣ, ба ҳисоби фаъолияти кафедраҳои донишкада чоп гардиданд. Дар ин миён беш аз 1500 мақола, 15 патент, 9 кори илмӣ, ҳимоя ва рӯи кор омаданд.
Бори аввал мо дар донишкада барои панҷ соли минбаъда, яъне барои солҳои 2021-2025 нақшаи корҳои илмиро бо назардошти эътиёҷоти воқеии корхонаҳои саноатӣ тасдиқ намудем, мегӯяд муовини ректор Насриддинов З.З.
Барои мусоидат намудан, дар ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишкада барои паҷ соли минбаъда бо корхонаҳои саноатӣ ба унвонии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  мактуб ирсол намуда будем. Ҳамчунин, устодон ва мутасаддиёни кафедраҳо ба корхонаҳои саноатӣ сафар намуда, масъалагузориҳо – фармоишҳои илмии онҳоро баррасӣ намуданд, мегӯяд муовини ректор Насриддинов З.З.
Ӯ афзуд, ки дар таҳияи корҳои илмии панҷсолаи нав беш аз 20 корхонаҳои саноатии кишвар ва корхонаҳое бузурге чун Талко, Зарафшон, Аперелевка, Анзоб, Шахтаи Фон-Яғноб ва Талко-Голд ширкат варзиданд.
Қадами минбаъда, қайди ҳамин мавзӯъҳои тасдиқшуда дар Маркази патент ва иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсим мувофиқи нақшаҳои инфиродӣ миёни устодони кафедраҳои марбути донишкада мебошад, қайд намуд муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ.