Ҷамъбасти “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика

Мувофиқи нақша – чорабиниҳои “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” дар кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз санаи 22.02.2021с. то 27.02.2021с. ҳафтаи кафедра гузаронида шуд.    

Дар тӯли ҳафта устодон ва донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ”  хело хуб баромад ва иштироки фаъолона намуданд аз ҷониби раёсати донишкада бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Барои қадрдонӣ ва супоридани тӯҳфаҳо муовини аввали ректор  муҳтарам Қозиев Камолуддин Сангинович ва декани факултети электромеханика Шамсидинов Шуҳратҷон Муъминович ташриф оварда, суханронӣ намуданд. Қозиев Камолуддин Сангинович ба ҳамагон иброз намуданд, ки дар донишкада кафедраи математикаи олӣ ва информатика яке аз кафедраҳои пешсаф ва аввалин мебошад. Дар ҳамин ҷода баҳри дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани нақша – чорабиниҳои ҳафтаи кафедра сипоси раёсати донишкадаро ба ташкилкунандагон ва аъзоёни кафедра мерасонем.