НАҚЛИЁТ ВА ТЕРРОРИЗМ

Инсоният аз давраи пайдоиши худ ҳамеша барои азхуд ва кашф намудани заминҳои нав кӯшиш менамуд. Ин аз як тараф барои васеъ намудани ҳудуди истиқомат ва васеъ кардани манбаъҳои рӯзгузаронӣ бошад, аз тарафи дигар омӯхтан ва донистани дигар минтақаҳо буд.

Аз таърих медонем, ки халқи пешрафтаи Аврупо қитъаҳои дигари кураи Замин – Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқо, Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубӣ, Австралия ва дигар ҷазираҳои гуногунро кашф намудааст ва зери тасарруфи худ гирифтааст. Агар қисме  аз аҳолии таҳҷоии ин музофотҳо аврупоиҳоро ба хушӣ пазируфта бошад, қисми дигари он ин мустамликагароёнро бо тиру туфанг пешвоз гирифтанд. Агар гӯем, ки аврупоиҳои «пешрафта» ба терроризм асос гузоштаанд, шубҳа нахоҳад шуд.

Ё мисоли дигари пайдоиши терроризм ин ҷанги Шимол ва Ҷануби Америка, ки боиси қир намудани ҳазорҳо сурхпӯстону сиёҳпӯстон гардид ва гӯё демократияро барқарор намуданд, шуда метавонад.

Агар нобуд кардани китобҳои нодири гузаштагони мо, ки аҷнабиёни гуногун раво донистааанд, низ як навъ тарроризми маънавӣ ҳисобидан мумкин аст.

Хулоса, терроризм аз давраи пайдоиши инсоният вуҷуд дорад, фақат вобаста ба давраҳои рушди ҷамъият ба намудҳои гуногун зоҳир мегардад.

Сабаби асосии пайдоиши терроризм – ин дахолати давлатҳои абарқудрат ба  фаъолияти давлатдорӣ ва ҳаёти осоиштаи аҳолии давлатҳои рӯ ба тараққӣ оварда мебошад.

Саволе ба миён меояд, чаро мамлакатҳои пешрафта ва блоки ҳарбии НАТО худро ҳамчун воридкунандаи ба ном «демократия» эълон кардаанд. Магар содироти демократияи онҳо ба мамлакатҳои Ироқ, Лубнон, Афғонистон ва ғ. рӯзи некӣ овард. Ҳазорҳо аҳолии осоишта ҳалок гардиданд, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, фарҳангию маишӣ валангор гардиданд, занҳо бефарзанду бешавҳар монданд, кӯдакони бегуноҳ дунёро тарк карданд. Ин демократия ё терроризм аст ё ин ба номгузории зӯроварон вобаста аст.

Ин рафтори «нек» – и «соҳибон» – и демократия боиси пайдошавии мамлакати ба ном исломӣ ва гурезагони зиёде, ки рӯ ба мамлакатҳои Аврупо оварданд, гардид. Корчалонии ин демократияҷуёнро бинед, ки аввал хонаи касеро вайрон карда, сипас ба онҳо меҳрубонӣ мекунанд.

Чаро онҳо чунин демократияро ба мамлакатҳои Қатар, Арабистони Саудӣ, Қувайт ва дигар давлатҳое, ки сохти асримиёнагӣ доранд, раво намебинанд.

Мамлакатҳое, ки онҳоро ба хок яксон карданд ба демократияи сохта ва мақсадҳои ғораткунии мамлакатҳои Ғарб эҳтиёҷ надоштанд.

Мо тарафдори терроризм нестем, лекин мехоҳем сабабҳои терроризмро таҳлил намоем. Мамлакатҳои абарқудрат ба ҳаёти дигар мамлакатҳо дахолати яроқнок намуда, осоиштагии аҳолии онро барҳам медиҳанд. Мамлакатҳои ҷабрдида ба ҳуҷуми якҷояи онҳо муқобилияти ҳарбӣ карда наметавонанд. Шахсе, ки имрӯз оилаи хушбахту фарзандон, ҷои кори муносиб дошт, аз дасти деморатиякунҳо бе хонаю дар, оилаю фарзанд, ҷои кор, хешу ақрабо монда, ҳатто аз ватан маҳрум шуд, кӣ бояд шавад, чӣ тавр қасоси худро аз шахсони дурӯя ситонад, яъне ягона вай метавонад бо роҳҳои гуногуни қасосгириро  истифода кунад. Аз тарафи дигар агар ин демократияҷӯйҳо ҳазорҳо нафарро нобуд кунанд, инро терроризм намегӯянд, як шахс як – ду ё зиёдтар аз онро нобуд кунад, онро террорист эълон карда, ба тамоми ҷаҳон эълон мекунанд. Истифодабарии стандартҳои дурӯя – ин аст кори аҷнабиён барои ба даст овардани мақсадҳои ғаразноки худ. Кӯштори як инсон гуноҳи нобахшиданист, яъне шахсе, ки ба чунин кор даст мезанад, вай одам нест.

Боз як кори «хайрхоҳона» -и  демократияҷӯйҳо ин бо яроқҳои гуногун мусаллаҳ кардани гуруҳҳои иғвогари ҷангххоҳ мебошад, ки натиҷаи он низ барои паҳн гардидани терроризм мусоидат менамояд.

Се калимае, ки бо ҳарфи «З» оғоз меёбад (зар, зан, замин) боиси сар задани ҷангҳо шудааст. Имрӯз бошад сарват ва замин асоси ҳамаи нохушиҳо гардидааст.

Дар тамоми мавҷудияти инсон нақлиёт бевосита иштирокчии ҳамаи ҷангу набардҳо буду мемонад. Агар дар набардҳои аввалини инсоният  ба сифати воситаҳои нақлиётӣ – ҳайвонҳои гуногуни боркашону одамкашон истифода мешуданд, имрӯзҳо дар ҷангҳои хонумонсӯз тамоми дастовардҳои инсонӣ дар соҳаи нақлиёт – нақлиёти авомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, дарёӣ, баҳрӣ, кайҳонӣ истифода шуда истодаанд. Нақлиёт дар системаи логистикии ҷангҳо барои таъмини яроқу аслиҳаи гуногун, интиқоли ҷангооварону мутахассисони соҳаи ҳарбӣ хизмат мерасонад.

Намудҳои гуногуни нақлиётро террористон низ аххуд карда, барои амалигардонии мақсадҳои нопоки худ уҳдабароёна истифода карда истодаанд.

Аз ҷониби дигар нақлиётро ҳамчун воситаи террористӣ истифода мебаранд. 11 сентябри соли 2011 аз ҷониби террористон истифода шудани тайёра ва тарконидани бинои савдо дар ИМА, ки боиси марги фоҷианоки якчанд ҳазор одамон гардид, терроризми нақлиётиро ба вуҷуд овард. Воситаҳои нақлиёти автомобилии боркашро якчанд маротиба дар Аврупо террористон бо мақсади ғаразноки худ истифода карда, онро ба анбуҳи одамони бегуноҳ ронданд, ки дар натиҷа даҳҳо шахсони бегуноҳ фавтиданд.

Муттаасифона, чунин амалҳои ғайриинсонӣ дар дигар минтақаҳо низ такрор шуда истодаанд.

Дар нақлиёти автомобилӣ ба гаравгонӣ гирифтани мусофирон аз ҷониби террористон низ борҳо истифода шудааст.

Халқи тоҷик дар таърихи худ борҳо ҳуҷумҳои хунхоронаи аҷнабиёнро аз сар гузаронидааст, ки онҳо нияти нобуд кардани халқи тоҷдори тоҷик, мероси гаронбаҳои илмию фарҳангии уро доштанд. Хушбахтона, халқи мо бо фарҳанг ва инсонияти баланд ҳамаи ҳуҷумҳои хунхоронро бартараф намуд. Солҳои 90 – уми асри гузашта дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дасти нопоки аҷнабиёни хориҷӣ ҷой дошт. Мардуми сарбаланди тоҷик ин рӯзҳои мадҳушро аз сар гузаронд.

Пас аз Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олӣ ва раиси Шурои Олӣ интихоб шудани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд, халқи тоҷик ба меҳнати офаринишу ободкории ватан шурӯъ намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар мамлакатҳои дунё бо номи неки созандагӣ, ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ пеш рафта истодааст.

Мо бояд аз ин рӯзгори ободу осуда шукргузорӣ кунем, пайваста барои обод кардани ватан кӯшиш намоем, ба ҳолатҳои носазои терророистию ифротгароӣ бетараф набошем.

 

                                                       Бобоев Раҳимҷон  – муаллими калони кафедраи ташкили ҳамлу нақли ДКМТ