Нашри китоби олими ҷавон Облоқулов Воҳидҷон

Бахшида ба “Бистсолагии омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” китоби олими ҷавон ва умедбахш, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон дар ҳаммуаллифӣ бо олимони соҳа Назаров Пайравҷон ва Ҳаитова Фирӯза таҳти унвони ” Алгебра” ба нашр расид.

Китоби мазкур барои ҳалли масоили математикӣ таҳия гардида, дастури методӣ барои омӯзгорони макотиби миёна мебошад.

Дастури мазкур бо қарори Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28.09.2022с . ба чоп тавсия дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Облоқулов Воҳидҷон аз олимони ҷавони донишкада буда, барои рушди илму маориф саҳми арзандаи хешро мегузорад.

Омӯзгорони ҷавон метавонанд аз китоби мазкур барои худ беҳтарин усулҳои ҳалли мисолу масъалаҳои математикиро омӯзанд ва дар раванди таълим истифода баранд.