Мулоқот бо донишҷӯён баҳри баланд бардоштани зиракии сиёсӣ

Дирӯз, декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин ва муовини декан оид ба тарбия Саидов Анварҷон бо донишҷӯёни муқими хобгоҳи факултет вохӯрӣ ва мулоқот намуданд. Ба донишҷӯён роҷеъ ба меҳандӯстӣ, расидан ба қадри арзишҳои волои инсонӣ ва арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри неъматҳои даврони истиқлол ва сулҳу субот фаҳмонида шуд. Сипас, оид бо шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ ва пешгирии даст задани ҷавонон ба амалҳои номатлуб суҳбатҳо сурат гирифт.

Дар интиҳо ба ҷавонон фурсат дода шуд, то андешаҳои хешро баён намуда, аз ҳолатҳои нафаҳмида суол намоянд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур дар доираи моҳвораи ҷавонон, ки дар донишкада дар назар гирифта шудааст, гузаронида шуд.

Шуъбаи иттилоот