Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ҶДММ «Заринк» созишномаи ҳамкорӣ ба иммзо расонид

Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Заринк» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, сардорони шуъбаҳои дахлдор ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ иштирок намуданд. Аз ҷониби корхона Директори генералии корхона Ҳақбердиев Ҷовид Сарҳадович, директори истеҳсолоти кӯҳӣ Прахов Денис Владимирович ва Сазонова Е.В., роҳбари хадамоти протоколии ҷамъият ширкат варзиданд. Инчунин, дар ин маросим намояндагони воситаҳои ахбори омма низ иштирок намуданд.

Маросимро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ба меҳмонон барои ташриф ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуд. Қайд карда шуд, ки ба имзо расонидани Созишномаи мазкур барои рушди ҳамкориҳои донишкадаву корхона мусоидат намуда, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷиҳати амалӣ намудани Ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар саҳми худро мегузорад.

Намояндагони корхонаи ҶДММ «Заринк» низ дар баромадҳои худ аҳамияти Созишномаи мазкурро баҳои баланд дода, ҷиҳати рушди додани ҳамкориҳои донишкадаву корхона суханронӣ намуданд.

Мақсади асосии ҳамкории донишкада ва корхона барпо намудани робитаҳои дарозмуддат аз рӯи масъалаҳои зерин мебошад:

–  тайёр кардани мутахассисоне, ки ба талабот ва хусусиятҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳозиразамони геологӣ ва корхонаҳои истихроҷи куҳӣ омода мебошанд;

– ҷорӣ намудани дастовардҳои инноватсионии илм ва техника дар раванди истеҳсолот;

– татбиқи муштараки  фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаҳои таълим, илм ва истеҳсолот;

– ҳамоҳангсозӣ ва ташкили ҳамкориҳои мутақобила оид ба истифода ва рушди технологияҳои муосир ва дастовардҳои илм дар соҳаи маориф, истеҳсолот ва соҳаи хизматрасонӣ;

– ба роҳ мондани шарикии устувори байни Тарафҳо оид ба ташкили таҷрибаомӯзии истехсолӣ ва тодипломии донишчуён, инчунин тачрибаомузии кормандони Донишкада дар заминаи Корхона ва дигар самтҳо мебошад.

Баъд аз ба анҷом расидани маросими имзогузории Созишномаи ҳамкорӣ иштирокчиён аксҳои хотиравӣ гирифтанд.