Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ғолиби озмуни ИДМ Саидов А. дипломи ҷойи аввалро супорид

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба корманди маркази бақайдгирӣ ва тестии донишкада, ҳамзамон омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва информатика Саидов Асомиддин медал, диплом ва шаҳодатномаи ҷойи аввалро, ки дар озмуни “Беҳтарин олимони ҷавони соли 2021” ширкат намудааст тақдим намуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати шарафёб шудан ба ҷойи аввал ба корманди маркази бақайдгирӣ ва тестӣ Саидов Асомиддин, ба муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин, ба сардори маркази мазкур Давлатов Давлатмаҳмад изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳама шароитро муҳайё намоед, то омӯзгорон ва донишҷӯёни мо дар озмунҳои байналмилалӣ пайваста ширкат намоянд. Маврид ба ёдоварист, ки озмуни мазкур байни муассисаҳои олии таълимии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳамасола баргузор мегардад ва ғолиби имсолаи озмуни мазкур корманди донишкада Саидов Асомиддин гардид.
Ёдовар мешавем, ки имсол барои нашри мақолаи илмии беҳтарин дипломи ҷойи аввали ИДМ ба ғолиби озмун- омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Саидов Асомиддин супорида шуд.

Шуъбаи иттилоот