Мулоқоти ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо тарғиботчиёни фаъол

Дар толори Шурои олимон мулоқоти ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо тарғиботчиёни ҷавон, фаъолони ҷалби довталаб баргузор гардид.

Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳар як омӯзгори фаъол, кормандони сермаҳсул ва пурталош, ҷиҳати ҷалби довталабон изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ҳар як корманд агар ҳамин хел аз худ сарсупурдагӣ нишон диҳад, кори донишкада пешрафт менамояд.

Ҳар як талош, ҳар як кӯшиши имрӯза ба чандинсола муваффақият бурда мерасонад. Ба ҳамин далел, имрӯзҳо бояд кор кард, ихтисосҳои донишкадаро муаррифӣ намуд ва ба фарзанди мардум роҳи дурустро нишон дод.

Таъкид карда шуд, ки заҳмати ҳар як омӯзгори фаъол бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад ва ин талошҳоро ҳаргиз фаромӯш намесозем.

Шуъбаи иттилоот