ҶАЛАСАИ МУОВИНИ АВВАЛИ РЕКТОР ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ БО ШИРКАТКУНАНДАГОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Тибқи дастури ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат бо иштироккунандагони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷаласа баргузор намуда, ба омӯзгорони фаъол ҷиҳати омода намудани донишҷӯён ба олимпиада изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳамчунин, Давлатзода Давлат ба ширкаткунандагони олимпиада оид ба ҳавасмандгардонии раёсати Донишкада, ҳаҷми мукофотпулӣ вобаста ба ҷойҳо, омодагии ҳаматарафа суҳбат намуда, аз номи раёсат ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ барои ширкат ва ғолибият дар олимпиада барору муваффақият таманно намуд.
Таъкид карда шуд, ки донишҷӯёни ғолиб дар олимпиада бо ҳавасмандгардониҳои молиявӣ қадрдонӣ карда мешаванд.