Мулоқоти ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо кормандони ба синни нафақа расида

Дирӯз, вохӯрии ректори донишкада бо собиқадорон ва кормандони ба синни нафақарасида баргузор гардид. Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, суханро ба ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ доданд.

Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳозиринро барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда гузоштанашон дар донишкада миннатдорӣ намуда, арз доштанд, ки мо аз фаъолияти ҳар яки шумо сипосгузорем ва қаноатмандии хешро дар ин маврид баён менамоем. Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, ки онҳое, ки ба синни нафақа расидаанду тавони кор кардан доранд, бигзор фаъолият кунанд ва дар тарбияи насли ҷавон саҳми худро бигузоранд. Аз ин лиҳоз мо низ умед мебандем, ки шумо пирони кор агар хоҳиши фаъолият доред, дар тарбияи насли ҷавон ва мутахассисони варзида саҳми худро гузоред ва даврони хуби зиндагии хешро боз ҳам ширинтар гардонед.

Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳоло замоне расидааст, ки мо бештар фаъол бошем ва ба ҷойи худ шогирдони ботаҷриба ва зиракро тарбия намоем, то дар ин вазъияти ҳассос ва бархӯрдҳои сиёсатҳои ҷаҳонӣ, насли ҷавон тавонанд, ки арзишҳои миллиро ҳифз намоянд…

Дар чорабинии имрӯза, ҳамчунин ҳуқуқшиноси донишкада Деҳқонов Д. Суханрони намуда, моҳияти мактуби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин фаҳмонид. Сипас, раиси Иттифоқи касаба Давлатов Д. Баромад намуда, пешниҳод намуд, ки дар сурати зиёд гардидани соатҳои дарсӣ омӯзгороне, ки хоҳиши фаъолият карданро доранд, ба кор қабул карда шаванд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ як қатор собиқадорон суханронӣ намуда, минаттдори худро ба раёсати донишкада изҳор доштанд.

Дар интиҳо, ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳама кормандон бори дигар изҳори сипос намуда, ба ҳамаашон сипосномаҳои раёсатро бо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, иброз доштанд, ки таҷриба ва малакаву маҳорати ҳар яки  шумо барои мо зарур аст ва барои чунин саҳми арзанда ва фаъолияти пурсамар гузоштанатон дар баркамол расидани мутахассисони ҷавон мо назди ҳар яки шумо таъзим менамоем.

 

 

 

Шуъбаи иттилоот