Мулоқоти ошкорои намояндагони Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону фаъолони донишкада

Имрӯз, дар толори Шурои олимони донишкада мулоқоти намояндагони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Хуршед ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Аз маркази мазкур Бобокалонов Ғоиб- сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, Салимзода Шероз- сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлат, мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, Бобоев Фирӯз- сармутахассиси шуъбаи шаҳрвандӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ, Маҳмадалиев Орзу- мутахассиси шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” суханро ронда, қонуни мазкурро шарҳу тавзеҳ доданд.
Ҳамчунин, дар интиҳои чорабинӣ суолу ҷавоб бо ҳозирин сурат гирифт, ки меҳмонон ба суолҳо посух доданд, то қонуни мазкур дурустар тавзеҳи худро ёбад.
Пас интиҳои чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ меҳмононро ба ҳузур пазируфта, дар бораи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур аз рӯи зарурат изҳори андеша намуданд.

Шуъбаи иттилоот