Имтиҳонсупории омӯзгорон дар назди академияи байналмилалии CDIO- и донишкада

Бо дастгириву ҳидоятҳои ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ омӯзгорони донишкада зина ба зина курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷиро мегузаранд ва ҳоло бо боварӣ метавон гуфт, ки онҳо аллакай фанҳои таълимиро метавонанд бо забони инглисӣ озодона таълим диҳанд.
Омӯзгорони фаъоли донишкада ҷиҳати супоридани имтиҳони забони англисӣ барои дарёфти имкониятҳои Лоиҳаи байналмилалии CDIO имрӯз омодагии хешро изҳор доштанд. Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати омода намудани металлургҳои забондон, химикҳо ва дизайнерҳои варзида роҳбарияти лоиҳаи мазкур дар назди донишкада профессор Умарҷонов Абдусафо курси махсуси омӯзиши забони англисӣ таъсис дода буданд, то омӯзгорони фаъол тавонанд, нозукиҳои касбии забони мазкурро хуб аз худ намоянд.
Имрӯз, зери назари устодони варзида ҳамин омӯзгорон аз забони англисӣ имтиҳон месупоранд, то аз имкониятҳои Лоиҳаи байналмилалии CDIO бештар бархӯрдор бошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси ин лоиҳа академияи байналмилалии CDIO дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зери роҳбарии профессор Умарҷонов Абдусафо ба фаъолият шуруъ намудааст, ки феълан беҳтарин озмоишгоҳ ва аудиторияро дар миқёси Осиёи Миёна дорост.

 


Шуъбаи иттилоот