Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Санаи 10.10.2021 ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳузури муовини аввал профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Сулейманова Назокат, сардори раёсати илм ва инноватсия Шербоев Муродҷон шаҳрвандонро қабул намуданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи донишкада ректори донишкада ва муовинон дар як ҳафта ду маротиба шаҳрвандонро қабул менамоянд ва шаҳрвандон метавонанд тариқи шуъбаи умумӣ ва назорат худро сабти ном намоянд.


Шуъбаи иттилоот