Боздиди профессори Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазон аз Донишкада

Профессори Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазони Федератсияи Русия Элвира Зверова аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дидан намуда, бо ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорон мулоқот намуд. Зимни ташрифи хеш профессор Элвира Зверова аз озмоишгоҳҳои кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ, кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ, кафедраи таъминоти барқ дидан намуда, бо масъулон суҳбат намуд.

Мавсуф аз шарту шароит ва имконоти Донишкада ба ваҷд омада, ба кори омӯзгорон баҳои баланд дода, хостори ҳамкорӣ гардид.

Ёдрас мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон беҳтарин шароит барои омӯзиш ва таълиму тадрис фароҳам оварда шудааст.