Мулоқоти маҷозӣ бо намояндагони Донишгоҳи Акитои Ҷопон

Робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои судманди илмӣ-техникии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии олии касбии хориҷи кишвар кунун ба марҳидаи нав мегузаранд.

Дар ин замина имрӯз вохӯрии роҳбарияти донишкада зери роҳбарии муовини аввали ректор, профессор Насриддинов Замониддин тариқи онлайн бо намояндагони Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баргузор гардид. Дар муколамаи маҷозии мазкур муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал Насриддинов З.З , сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, мудири кафедраи  фанҳои табиӣ-илмӣ           Ҳоҷиев Саидмуқбил ва мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳусноро ширкат варзиданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев А. иттилоъ дод.

 Аз ҷониби Ҷопон Атсуши Шибаяма -директори Маркази байналмилалии тадқиқот ва таълим оид ба захираҳои маъдан ва энергетика ва Наоми Осака- ходими маркази байналмилалӣ оид ба тадқиқот ва таълим оид ба захираҳои маъданӣ ва энергетикӣ (ICREMER) ширкат намуда, намояндагони донишкадаро ба барномаи кутоҳмуддати “Рушди устувори захираҳо”  даъват намуданд. Курси мазкур ройгон буда 1 моҳ идома меёбад ва дар он 2 донишҷӯ ва як корманди донишкада иштирок менамоянд. Донишҷӯёне, ки курсро ба итмом мерасонанд санаҳои 22-24 сентябр дар семинари байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон баргузор мегардад ширкат варзида, баъдан дар семинари байналмилалии Акитаи Ҷопон иштирок хоҳанд намуд. Сафархарҷӣ барои сафар аз ҷониби Барномаи мазкур пардохт карда мешавад.

Қайд намудан зарур аст, ки дар Барнома аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 2  ҷой ба донишҷӯён ва 1 ҷой барои кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дода шуд.

Шуъбаи иттилоот