МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ҲАТМИСТ

Ҳар яки мо бояд дар байни дигар давлатҳо  чунон фаъолият намоем, ки дар зиндагонӣ ва давлатдории миллии тоҷикон миллати мо зери парчами миллӣ ҷамъ омада, ба қадри истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва хизматҳои  Пешвои миллат  бирасем ва  таҳти роҳбарии одилона ва оқилонаи он кас ватани азизамонро обод кунем.

        Тоҷикистон он кишваре аст, ки қуллаҳои осмонбӯси куҳистон дорад ва обҳои мусаффо, дорои табиати нодир, меваҳои шаҳдбор. Ба дидори ин мулки зебо садҳо ҳазор сайёҳони хориҷӣ муштоқ ҳастанд. Мардуми ориёнажоди ин мамлакати биҳиштосо ба меҳмоннавозӣ ва лутфу меҳрубонӣ аз қуллаҳои баланди осмонбӯси кӯҳистон ибрат гирифтаанд.

Имрӯз ҳар як фарди тоҷик бояд аз корҳои номатлуб худдорӣ намояд,  афсус дар Тоҷикистони азизамон бисёре аз ҷавонони мо ба корҳои номатлуб даст зада истодаанд,  вақте ки дар бораи онҳо маълумот гирифта мешавад, маълум  мешавад,  ки худи онҳо ва волидайни  онҳо  бе маълумот  мебошанд.  Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро аксарияти ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои сиёсиву динӣ хусусияти экстремистӣ дошта, аз усули террор дар муборизаи сиёсии худ ба таври пардапӯшона ва махфӣ истифода мебаранд. Ба фикри ман имрӯз падару модарон бояд фарзандони худро аз синни ҷавони хуб тарбия намуда,  барои донишомӯзии онҳо ягон чизро дареғ накунанд, то ки онҳо дар оянда  баъди хатми мактаби миёна дар  донишгоҳҳо   таҳсил намуда, барои  ояндаи оилаи худ ва Ватани азизамон саҳми худро гузоранд, ки ин вазифаи ҳар  як фарди тоҷик мебошад. Ҳамаи он корҳои номатлубе, ки аз ҷониби ҷавонон шуда истодааст,   ин аз сабаби дониши хуб надоштани онҳо  нишон медиҳад. Тарбияи солими фарзанд ва такмили дониши сиёсии ӯ на танҳо рисолати омӯзгор, балки падару модар, бобою бибӣ ва дигар пайвандон аст. Ба фарзанди худ таълиму тарбияи нек дода, оянда чун боғи падар самари нек гирифтан бешубҳа вазифаии ҷонии пайвандону наздикон аст.  Шахсе, ки ба  Модар ва Ватани хеш  амалҳои номаҳрамро раво мебинад.  фардо дар назди миллату халқ ҳатман ҷавоб хоҳад дод. Бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки имрӯз бисёри аз чунин шахсон дастгир гардида, дар назди қонун  ба ҷавобгари кашида истодаанд.

Мақсади чунин гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ аз он иборат аст, ки миллати тоҷикро пароканда намуда, худ дар сари қудрат нишаста, мақсадҳои нопоки худро амалӣ намоянд.

Фаъолияти ТЭТ ҲНИ бешубҳа аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон ба роҳ монда шудаст. Чунин шахсон фикр мекунанд, то охир ба мақсадҳои ғаразноки худ мерасанд. Албатта, хатои бузург хоҳанд кард.

Сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавонон ба ақидаи таҳлилгарон пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст дода, ба зудӣ фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи ин гурӯҳҳо мешаванд. Чуноне, ки аз хабарҳои расонаҳо бармеоянд, ин гурӯҳҳои экстремистӣ  ба ҷавонон маблағҳои калон ва ҳатто ҷойҳои хуби кориро ваъда мекунанд.

Сабаби дигари ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавонон дуруст дарк накардани моҳият ва мазмуни дини мубини ислом мебошад. 

Омили дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсири манфӣ мерасонад, ин наворҳои таблиғотиест, ки тавассути расонаҳои гуногун ва шабакаи интернет  паҳн карда мешаванд.

Мо имрӯз суханҳое, ки ин нафарони берун аз кишвар нишаста, чун тарсуҳо мегӯянд,  маҳкум намуда, бар алайҳи чунин нафарон то ҷон дар бадан дорем, баҳри пешрафт ва гул – гул шукуфоии ватани азизи хеш саҳм хоҳем гузошт. Намегузорем, пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд. Ояндае, ки мо хоҳем сохт, он пеш аз ҳама амну сулҳу субот аст. Мо фарзандони содиқу бовафои ин Ватан   имкони таъмини ҳамаи ин арзишҳоро дорем. Шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар зиёиёну фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки бо дарки доштани масъулияти баланди ватандорӣ истиқлолияти Ватани худро аз ҳама хатару фишорҳо эмин нигоҳ доранд ва бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, бо меҳнати софдилона ва бо дарки садоқат ҳисси ватандустӣ ва худшиносии мардумро бедор созанд. Махсусан нагузоранд, ҷавонон фирефтаи ташвиқоту тарғиботи амалҳои бегона гарданд.

Силмонова С. И.

омӯзгори кафедраи забони

давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ