Имрӯз, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовини аввали хеш Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид ва омӯзгорону донишҷӯён аз даромадгоҳи асосӣ бо тантана ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявиро истиқбол гирифтанд.
Раёсат пас аз истиқболи тантанавӣ дар толори Шурои олимони Донишкада ҷаласа баргузор намуда, ба ғолибон ва устодони донишҷӯёни ғолиб ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим кард.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ зимни суханронӣ ба омӯзгорон Ашӯров Хайриддин, Абдуллоев Икром ва Ҳоҷизода Саидмуқбил ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани донишҷӯён изҳори миннатдорӣ баён намуд. Ва таъкид дошт, ки мо ифтихор менамоем, ки имрӯз профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил ду нафар шогирди омода намудаашон сазовори ҷойҳои намоён гардиданд ва ин аз заҳмат ва масъулияти баланд устод дарак медиҳад.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамзамон ба муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ, омода намудани донишҷӯён ба олимпиада, бар дӯш гирифтани масъулият изҳори миннатдорӣ намуда бо Сипоснома қадрдонӣ намуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯёни ғолиб ва се омӯзгор, ки дар олимпиада, шогирдонашон сазовори ҷойи намоён гардиданд аз 3000 то 4000 сомонӣ маблағ ҳадя намуд.
Ёдрас мешавем, ки аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 4 нафар соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм ва 2 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки инҳо Нуриллозода Фаридун Яҳё донишҷӯи бахши якуми ихтисоси электроникаи техникаи автомобилии факултети электромеханика, аз фанни таърихи халқи тоҷик ҷойи сеюм, Боқизода Анӯшервон донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикии факултети корҳои кӯҳӣ, аз фанни химия сазовори ҷойи сеюм, Абдураҳмонов Амирҷон донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси зеҳни сунъии факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав аз фанни информатика сазовори ҷойи сеюм, Носирзода Иброҳим донишҷӯи бахши якуми ихтисоси геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок аз фанни физика сазовори ҷойи сеюм, Наврӯззода Сафармаҳмад донишҷӯи бахши якуми ихтисоси нафту газ аз фанни забони тоҷикӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ, Раҳматуллозода Ҳикматулло донишҷӯи бахши якуми ихтисоси электроникаи техникаи автомобилӣ аз фанни забони англисӣ – ҷойи ифтихорӣ мебошанд.
Таъкид карда шуд, ки дар 20 соли мавҷудияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ин бори аввал аст, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ донишҷӯёни Донишкада ба ин муваффақият даст меёбанд ва ин саҳифаи нави таърихи муассиса мебошад.
Шуъбаи иттилоот



