ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРХОИ НАФТУ ГАЗ: ТАЛОШИ БЕСАМАРИ КАБИРИ

Барои мо равшан аст, ки  Муҳидин Кабирӣ ҳангоми муҳосибаҳо кӯшиш менамояд, ки худро ғамхори ҷомеаи кишвар нишон дода, бештар роҷеъ ба мушкилоти иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кунад ва онҳоро аз буданаш бузургтар ҷилва диҳад. Лек дар асл Кабирӣ ва наҳзатиён афроди ифротии хиёнатпеша ва риёкоронанд, ки барои манфиати хеш қодиранд аз баҳри ҳама чиз бароянд.  Худ бо чашми воқебин ба фаъолияти сиёсии Кабирӣ назар афканед, мебинед, ки яке аз ҳадафҳои аслии ӯ аслан низоъ андохтан дар ҷомеа  ва дар заминаи он бунёд намудани давлати исломии фундаменталӣ мебошад.

Наҳзатиён бо мабалғгузориҳои хоҷагони хориҷиаш имрӯз беягон мушкилӣ дар калонтарин шаҳрҳои Аврупо паи дасисабозиянд.

Ба ин бадсиолон гуфтанием, ки талошҳои бесамарашон ва хидматгоронаш на факат дар сатҳи байналмилалӣ, балки дар дохили кишвар низ наметавонанд фазои орому озод ва афкори ҷомеаи моро тағйир дихад. Мардум афкори худро нисбат ба ин хоини миллат дар ВАО озодона баён мекунанд. Ҳокимияти кунунии кишварро садоқатмандона ҷонибдорӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба ҳангомаҷӯёни манфиатҷӯ фурсат намедиҳанд, ки дигарбора вазъияти сиёсии кишварро бо чангу ғубори ҷанги шаҳрвандӣ олуда кунанд.