Ширкати ҳайати раёсат дар ҷаласаи онлайнии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар ҷаласаи онлайнии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректорон, муовинон, деканҳо ва мудирони кафедраву раисони Шӯроҳои диссертатсионӣ зери роҳбарии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовинони ректор ва деканҳову мудирони кафедраҳо ширкат намуданд.
Ҷаласаро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муқовимат ва чораҳои пешгирӣ бо терроризм ва экстремизм байни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва арзишҳои миллӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмин намудани иҷрои нақшаи қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва кадрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла муассисаҳое, ки аз рӯи равияҳои омӯзгорӣ ва техникӣ мутахассис омода менамояд, омода кардани омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз байн бурдани норасогии омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шӯроҳои диссертатсионӣ ва ҷалби грантҳо, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва табодули донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ намуд.
Пас аз ба итмом расидани ҷаласаи онлайнӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар назди масъулин ҷиҳати саривақт ба анҷом расонидани дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузориҳо намуд.