Баргузории маҳфили навбатии “Ал-ҷабр”

Маҳфили навбатии “Ал-ҷабр”- и кафедраи математикаи олӣ ва информатика баргузор гардид. Маҳфилро мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика олими ҷавон Туев Шоҳин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи маҳфили имрӯза сухан намуд ва илова намуд, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои ташаккули ҷавонон мусоидат мекунад.

Мавзӯи маҳфили навбатӣ бештар сари барномаҳои фаннӣ, технологияи муосири компютерӣ, корбурди  барномаҳои муосир дар коргоҳҳои саноатӣ буд, ки зери роҳбарии омӯзгори ҷавон Азизахон Абдураҳмонова баргузор гардид. 

Дар ин маҳфил чор нафар донишҷӯён баромад намуда, атрофи мавзӯҳои муҳим суханронӣ намуданд. Маҳфили навбатӣ бисёр ҳам хуб ва дар сатҳи олӣ бо ширкати фаъоли ҳозирин баргузор гардид.