Маҳфили навбатии “Ганҷи хирад” баргузор гардид

Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо эбтикори кафедраи фанҳои гуманитарӣ- иҷтимоӣ маҳфили навбатии “Ганҷи хирад” баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур нахуст мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ дотсент Абдуллоев Икром суханронӣ намуда, роҷеъ ба авзои кунунии ҷаҳон, баҳои таърихшиносӣ ба замон, таҳлили воқеиятҳо сухан ронда аз мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва қадамҳои устувори он дар ҷаҳони муосир таъкид намуд.

Сипас, дар мавзӯи  “Нақши ҲХДТ дар таҳаввулоти ҷомеа” донишҷӯи бахши 2 ихтисоси  таъмини корхонаҳои саноати бо барқ Норов Мизроб ва дар мавзӯи “Таърихи пайдоиши кули Сарез ва масъалаҳои глобалии он” донишҷӯи бахши 3 ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот Сафарзода Салмон баромад намуданд.

Ҳамчунин, дар маҳфили мазкур омӯзгори ҷавон ва фаъол Саидов Анвар ва омӯзгори фаъол Холова Фахриниссо низ суханронӣ намуданд.

Зимни баррасии мавзӯҳо донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, масоили марбутаро бо дилгоҳи илмӣ ва шавқи беандоза баррасӣ намуданд. 

Ёдовар мешавем, ки сарвари маҳфили “Ганҷи хирад”- ро омӯзгори фаъоли ҳамин кафедра Холова Фахриниссо бар зимма дорад.