Маҳфили илмии “Дӯстдорони автомобил” баргузор шуд

Тибқи нақшаи тасдиқгардида, маҳфили илмии донишҷӯён санаи 15.02.2022 сол дар кафедраи ташкили ҳамлу нақл синфхонаи 17Г гузаронида шуд. Дар маҳфил омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни ихтисоси 440101-01 “Ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш” иштирок доштанд. Маҳфили илмии донишҷӯён дар кафедраи ташкили ҳамлу нақл бо номи “Дӯстдорони автомобил” фаъолият мекунад.

Дар маҳфили илмии имрӯза, донишҷӯи бахши 4 Сафарзода Садруддини Муҳаммадҷон дар мавзӯъи “Аҳамияти ҳамлу нақли автомобилии борҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Мавзӯи баромаднамудаи донишҷӯ аз нигоҳи илмӣ аоснокардашуда, барои фароҳам овардани шароити соҳа нақши муҳимро мебозад. Чӣ тавре, ки ба мо маълум аст, масоҳати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 93% кӯҳҳо ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, барои ҳамлу нақли борҳо ва мусофирон бисёртар аз нақлиётӣ автомобилӣ истифода бурда мешавад.

Баромади донишҷӯ Сафарзода Садруддини Муҳаммадҷонро аз тарафи устодони кафедра назорат карда шуда, ба ӯ  баҳои мусбатро созовор донистанд. Дар интиҳо аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра саволҳо ба донишҷӯ дода шуданд, ки баромадкунанда ба онҳо посухи хуб гардонид.

Ёдовар мешавем, ки роҳбарии маҳфили мазкурро омӯзгори донишкада Ғаффоров Хушрӯз бар уҳда дорад.